Шуҷоати афсар ва курсанти Академияи ВКД
Тахминан соати 19:00-дақиқаи шоми 23-юми феврали соли 2018, дар рӯзи таҷлили 25-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон курсанти курси 4-уми факултети №2 Академияи Вазорати корҳои дохилӣ Раҳимов Умед Каримович шоҳиди ҳодисаи даст ба худкушӣ задани зани хонашини истиқоматкунандаи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе шаҳрванд И.Г. мешавад.
И.Г. бевазан, соҳиби 4-фарзанд буда, дар болои купруки соҳили дарёи Душанбе рагҳҳои дасти худро бурида, дар ҳолати изтироб худро ба дарё партофтанӣ мешавад, ки ногоҳ курсанти мазкур Раҳимов Умед Каримович ин ҳолатро дида, ба рақами 102 ва телефони мобилии сардори курси 4-уми факултети №2 капитани милитсия Раҳимов Зоир Раҳимович занг мезанад. Баъд аз 10 дақиқа капитани милитсия Раҳимов Зоир Раҳимович ва гурӯҳи оперативӣ-тафтишотӣ аз мақомоти милитсия ва Прокуратураи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ба ҷойи ҳодиса ҳозир мешаванд.
Капитани милитсия Раҳимов Зоир Раҳимович шуҷоати шахсӣ нишон дода, аз тарафи дигари купрук ба назди шаҳрванд И.Г. ҳозир шуда, нидо мекунад, ки модарҷон ин ман фарзандат мебошам, ин корро накунед, ки ман ҳам худро ба дарё мепартоям, ҳамин тавр капитани милитсия Раҳимов Зоир Раҳимович эҳсоси модарии шаҳрванд И.Г.-ро бедор карда, либоси таги худро даронида рагҳои хуншори модарро сахт мебандад, фикри модарро ба худ ҷалб менамояд, ки аз пайи ин кормандони милитсия ва ёрии таъҷилӣ, Прокуратура ҳозир шуда, шаҳрванд И.Г.-ро ба мошини «Ёрии таъҷилӣ» савор карда, қарзи касбӣ ва инсонии худро дар назди модар бошарафона иҷро менамоянд.
Ин бори якум нест, ки курсантону афсарони Академияи ВКД қарзи касбии худро бо сарбаландӣ иҷро менамоянд.
Ба унвонии сардори Академияи ВКД генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Рахмоналӣ барои шуҷоати капитани милитсия Раҳимов Зоир Раҳимович ва курсант Раҳимов Умед Каримович аз номи Прокуратураи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе мактуби миннатдорӣ ворид гардида, онҳо ҳавасманд карда шуданд.
Аҳсан ба курсант ва афсари шуҷои Акдемияи ВКД!
Асламов Б., Убайдуллоев Ш.