Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Саҳми милитсияи Тоҷикистон дар таъмини Ғалаба дар ҶБВ (1941-1945)

163Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) яке аз мудҳиштарин саҳифаҳои таърихӣ буда, дар он тамоми халқҳои собиқи Шӯравӣ аз ҷумла халқи Тоҷикистон саҳми арзандаи худро гузошта, ҳам дар фронт, ҳам дар ақибгоҳ барои таъмини он саҳмгузорӣ намудаанд. Махсусан милитсияи Тоҷикистон дар ин солҳо хеле фаъолона амал карда, кулли кормандони он ихтиёрӣ ба сафҳои Артиш ба фронт раҳсипор шуданд. Қисмати боқимонда дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ, душманони дохилӣ ва хориҷӣ муборизаи беамон бурданд. Комиссариати корҳои дохилӣ якчанд фармонҳо ба тасвиб расонд, ки фаъолияти миллитсияро дар давраи ҷангӣ мушаххас гардонид. 7-уми июни соли 1941 чунин Деректива қабул карда шуд, ки Комиссариати корҳои дохилӣ метавонад дар дилхоҳ вақт бар зидди гурӯҳҳои диверсионӣ мубориза барад, ё ин ки онро муштарак бо Артиш амалӣ намояд. Бахусус ширкати фаъоли занон аз шаҳри Маскав оғоз гардида, 1300 нафар занон ба кори милитсия аз ҷониби кумитаҳои ҳизбӣ фиристода шуданд. Дар шаҳри Сталинград 20%- ҳайати шахсиро занон ташкил медоданд. Дар ин давра Сардори раёсати шиносномадиҳии Чумҳурии Тоҷикстон аз ҳисоби занон Е. Соколова буд.
Дар оғози ҶБВ Бригадаи алоҳидаи савораи тирандозӣ Комиссариати Халқии корҳои дохилӣ таъсис дода, шуд, ки 1084 амалиёти ҷангӣ гузаронида, 2045 гумоштагони немисро ошкор сохтанд.
Сардори дастаи Комиссариати Халқии корҳои дохилӣ (КХКД-НКВД ) С.И. Солитсев роҳбари разведкаи даста буда, то охири ҷанг ба ситоди қушунҳои Артиш маълумотҳои нодирро пешкаш намуд, ки албатта чунин маълумотҳои оперативӣ дар торумор намудани фашизм мусоидат менамуданд.
Дар солҳои ҶБВ Лапин Михаил Парамонович соли 1941 КХКД (НКВД) Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистонро роҳбарӣ мекард. Аз соли 1943 то соли 1950 ин вазифа ба дӯши Харченко Владимир Владимирович вогузор карда шуда буд. Самиев Сайдулло бошад солхои 40-50-ум муовини Раиси КХКД (НКВД) Тоҷикистон буд.
4-нафар намояндагони КХКД (НКВД) Тоҷикистон ба унвони олии Каҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ мушарраф гаштанд, инҳо Недошивин Венямин Григоревич, Шарипов Эргаш Косимович, Мирзаев Магомед, Новоселтсев Михаил Иванович мебошанд.
Бояд қайд намуд, ки дар рафти амалиётҳои ҷангӣ аксар роҳбарон ва кормандони милитсия аз ҷумла, сардори милитсияи шаҳри Душанбе Клипоченко Константин Денисович, сардори ШКД Балҷувон Дионнов Виктор Дмитриевич, сардори ШКД ноҳияи Данғара Трофим Гордевич ва садҳо дигар кормандони милитсия қаҳрамонона ҳалок гардиданд.
Ба шуъбаи кофтукови ҷиноятии КХКД (НКВД) Тоҷикистон дар солҳои ҶБВ Нигматуллин Ахмед роҳбарӣ мекард. Баъд аз анҷоми Ҷанги Бузурги Ватанӣ низ тағйироти куллӣ дар сохтори КХКД (НКВД) ба вуҷуд омаданд.
Моҳи июни соли 1946 шуъбаи маъмурии Сарраёсати милитсия барҳам дода шуда, ваколатҳои он ба шуъбаи шиносномадиҳии Сараёсати милитсия дода шуд. КХКД (НКВД) ба ВКД табдил дода шуд.
Асламов Б.С., Убайдуллоев Ш.Э.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...