Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷавонон неруи созанда ва пешбарандаи ҷомеа

3 майи срли 2023, мутобиқи фасли 3 банди 17 нақшаи фаъолияти илмӣ-тадқиқотии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фасли 3 банди 3 нақшаи фаъолияти илмӣ-тадқиқотии кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурӣ факултети 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Каримзода Мирзоқосим конференсияи илмӣ – назариявӣ бахшида ба рӯзи ҷавонон дар мавзӯи «Ҷавонон неруи созанда ва пешбарандаи ҷомеа» ташкил ва гузаронида шуд.
Чорабинии мазкурро сардори факултети №4, Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон номзоди илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники милитсия Ғафурӣ М.С., ҳусни оғоз бахшида аз суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президнти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстии ҷавонон, худшиносии миллӣ ва аз таърих огоҳ буданро ба саҳми ҳозирин расониданд, ки бо назардошти саҳми беандозаи ҷавонон дар рушди ҷомеа «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 – 2026» ва «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳуввияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023 – 2027» қабул гардид, ки ин иқдоми бузурги Роҳбари давлат, ҷавонони ватандӯсту сулҳпарварро дилгарм намуда, ҷавобан ба ин ғамхориҳо ҷавононро мебояд баҳри ободиву пешрафти кишвари азизамон саҳми босазои худро гузоранд.
Ҳамчунин сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Каримзода Мирзоқосим дар мавзӯи «Ҷавонон пайравони Пешвои миллат» баромад намуда, қайд кард, ки бо ҳидояту раҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола ҷиҳати арҷгузорӣ ба қудрат ва тавоноии насли ояндасоз дар қаламрави кишвар 23 май – Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон чун рамзи эҳтиром таҷлил мегардад, ки мо дар арафаи он қарор дорем.
Муаллими кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурӣ лейтенанти милитсия Ҳасанова Ё.М., дар мавзӯи «Сиёсати давлатии ҷавонон дар солҳои соҳибистиқлолӣ» баромад карда иброз намуд, ки ҷавонон дар ҳама давру замон қувваи пешбарандаи ҷомеа буда, ояндаи миллату давлат ба онҳо вобаста аст. Бинобар ин мо – ҷавононро зарур аст, ки дар ҷавоб ба дастгириҳои доимии Ҳукумат, махсусан Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулияти бузурги таърихӣ ва қарзи пурифтихори фарзандии худро сарбаландона адо намуда, ба хотири рушди рӯзафзуни кишвари биҳиштосоямон ҳамчун созандагони фардои Ватан хизмати арзанда ба ҷо орем.
Сардори кабинети кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурӣ лейтенанти милитсия Сангинов И.Б., дар мавзӯи «Ҷавонони даврони соҳибистиқлол нерӯи созанда ва пешбарандаи ҷомеаву давлат» маъруза намуда қайд намуд, ки талошҳои пайвастаи мо ҷавонони имрӯза ҷиҳати иштироки фаъолона дар рушду нумӯи кишвари азизамон бовар бар он месозад, ки мо ҷавонон бо ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ дар оянда низ тамоми нерӯи худро барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии Ватани азизамон ва устувор гардонидани мавқеи он дар қатори кишварҳои мутараққӣ сафарбар намоем. Дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мо ҷавонон бояд сармашқи асосии кору пайкор ва фаъолияти ҳамарӯзаи худ шуморида, дар давраи ҷаҳонишавии муносибатҳо нагузорем, ки фазои софу беғубори Ватани азизамонро афкору андешаҳои гуруҳҳои тундраву ифротгароӣ ғуборолуда созад.
Дар охири конференсияи илмӣ-назариявӣ аз ҷониби сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Каримзода Мирзоқосим баромадкунандагон бо Сипосномаи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд қадрдони карда шуданд.
Сардори кабинети кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ
ва фаъолияти маъмурии факултети №4
Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон,
лейтенанти милитсия Сангинов Ихтиёрҷон Баҳодурович

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...