Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тантанаи идона бахшида ба «Рӯзи модар»

23

Бахшида ба «Рӯзи модар» дар Академияи Вазорати корҳои дохилӣ чорабинии идона доир гардид, ки дар он роҳбарият, омӯзгорону курсантон ва бонувони ин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ширкат варзиданд.
Чорабиниро сардори Академияи мазкур генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ оғоз бахшида, кормандзанон ва курсантдухтаронро бо рӯзи идашон самимона табрику таҳният намуд.

24
Мавсуф дар идомаи суханронӣ доир ба мақому мартабаи занон дар мамлакат ва таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи баланд бардоштани мавқеи намояндагони ҷинси латиф дар корҳои ҷамъиятию давлатӣ изҳори андеша намуд.
- Саҳми занон дар бахши илм ва пеш бурдани корҳои тадқиқотӣ низ назаррас буда, кормандони Академияи ВКД тавонистаанд дар ин самти муҳим ба муваффақиятҳои наву назаррас ноил гарданд, - афзуд ӯ ва ба бонувон дар ҷодаи кору хизмат комёбиҳо таманно намуд.
Сипас, муовини сардори Академияи ВКД полковники милитсия Мирзо Шарифзода фармонҳоро оид ба мукофотонидан қироат карда, бонувону занони Академияро аз номи Вазири корҳои дохилӣ ва сардори Академияи мазкур бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ намуд.

25
Дар доираи ин чорабинии идона барои бонувону занон дастархони идона ороста шуда, ҳунармандони шинохта - Толиб Абдуллоев, Фирдавс Ҳошимов, Муслима Қодирова ва дастаи курсантони ҳаваскор бо барномаи рангини консертӣ табъи ҳозиринро болида гардониданд.
Б. АСЛАМОВ,
Ш. УБАЙДУЛЛОЕВ

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...