Семинари илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Заминаҳои пайдоиши шабакаҳои компютерӣ»
2-юми майи соли 2023 семинари илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Заминаҳои пайдоиши шабакаҳои компютерӣ. Телекоммуникатсия. Намудҳои шабакаҳои компютерӣ: маҳаллӣ, минтақавӣ ва саросарӣ» дар синфхонаи компютерии № 511 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ҳайати омӯзгорони кафедра, кормандон ва курсантони курси 1-уми факултети № 2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуд.
Семинарро бо сухани ифтитоҳӣ н.и.ҳ., подполковники милитсия Азимӣ У.А., сардори кафедраи фанҳои муҳандисӣ-техникии факултети № 3 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳусни оғоз бахшид.
Баъдан, семинар таҳти роҳбарии н.и.ҳ., подполковники милитсия Азимӣ У.А. кори худро идома дода, дар он подполковники милитсия Ғафлатзода Суҳроб Ғафлат, муаллими калони кафедраи фанҳои муҳандисӣ-техникии факултети № 3 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маърӯза дар мавзӯи «Заминаҳои пайдоиши шабакаҳои компютерӣ»; подполковники милитсия Холзода Бахтиёр Мулло, муовини сардори кафедраи фанҳои муҳандисӣ-техникии факултети № 3 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маърӯза дар мавзӯи «Телекоммуникатсия»; майори милитсия Давронзода Сомон Ҷумабой, муаллими кафедраи фанҳои муҳандисӣ-техникии факултети № 3 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маърӯза дар мавзуи «Намудҳои шабакаҳои компютерӣ: маҳаллӣ, минтақавӣ ва саросарӣ» баромад намуданд.
Инчунин, дар кори семинар курсантоне, ки аз ҷониби омӯзгорони зикргардида омода шуда буданд, фаъолона иштирок карда, дар мавзуъҳои вобаста ба технологияҳои информатсионӣ баромадҳо намуданд.
Қисмати музокиравии семинар бо додани саволҳои зиёд оид ба масъалаҳои инъикосгардида ва посухҳои маърӯзачиён ба ин саволҳои додашуда гузаронида шуд, ки дар натиҷа семинар самарабахш ҳисобида шуда, бо суханони ҷамъбастии н.и.ҳ., подполковники милитсия Азимӣ У.А. пӯшида эълон гардид.
Сардори кафедраи ФМТ факултети № 3
Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон,
подполковники милитсия Азимӣ У.А.