Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ бахшида ба 100-солагии хадамоти нозирони минтақавии политсия/милитсия

32Яке аз самтҳои аввалиндараҷаи фаъолияти байналмилалии Академияи ВКД – васеъ намудани ҳамкорӣ дар соҳаи маориф бо давлатҳо-иштирокчиёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошад, ки аз Созишнома дар бораи ҳамкорӣ оид ба ташкил кардани фазои ягонаи маорифи давлатҳои иштирокчиёни ИДМ, ки бо Қарори Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ 17 январи соли 1997 тасдиқ шудааст, бармеояд.33
16 августи соли 2002 дар ш. Душанбе Протокол оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тайёр намудани кадрҳо байни Академияи идоракунии ВКД Россия ва Академияи ВКД Тоҷикистон имзо карда шудааст.
Бояд гуфт, ки Академияи идоракунии ВКД Россия таҷрибаи бойи ҳамкории байналмилалӣ ҳосил кардааст, аммо на танҳо дар соҳаи тайёр намудани кадрҳои идоракунии МКД, балки дар соҳаи таъмини илмии фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ низ.
Инак, 28 апрели соли 2023 мутахассисони Академияи ВКД дар конференсияи сатҳи байналмилалӣ дар мавзӯи «Масъалаҳои мубрами такмили фаъолияти хадамот ва ҷузъу томҳои политсия дар соҳаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти ҷамъиятӣ» (Актуальные вопросы совершенствования деятельности служб и подразделений полиции в области охраны общественного порядка и общественной безопасности)-е ки ба 100-солагии хадамоти нозирони минтақавии политсия баргузор гардид, иштирок намуданд.
Бо сухани ифтитоҳӣ муовини аввали сардори Академияи идоракунии ВКД Россия, генерал-майори политсия А.Г. Парадников баромад намуда, қайд кард, ки кормандони МКД субъектҳо ва иштирокчиёни фаъоли раванди иҷрои ҷараёни ҳуқуқтатбиқкунанда мебошанд. Аз фаъолияти дурусти онҳо ҳолати тартиботи ҷамъиятӣ ва дар натиҷа - ташаккули давлати демократӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ вобаста мебошад. Дар ҳалли масъалаҳои вобаста ба пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳо ба зиммаи институти нозирони минтақавии милитсия, ки дар тамоми давраи инкишофи худ дар системаи мақомоти корҳои дохилӣ мавқеи муҳимро ишғол мекард, нақши калон гузошта мешавад.
Дар рафти конференсия масъалаҳои гуногуни хадамоти мазкур баррасӣ карда шудаанд ва дар қатори баромадкунандагон омӯзгори калони кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии факултети № 2 Академияи ВКД, подполковники милитсия Ғафурзода Д.А. буд, ки бо маъруза дар мавзӯи «Ҳисоботдиҳии нозири минтақавии милитсия дар назди ҷомеа ҳамчун усули самарабахши таъминоти тартиботи ҷамъиятӣ ва бехатарии ҷамъиятӣ» (Отчетность участкового инспектора милиции перед население как эффективный метод обеспечения общественного порядка и общественной безопасности) баромад намуд. Баъд аз анҷоми маърузаҳо аз тарафи мутахассисони муассисаҳо-иштирокчиёни семинари он-лайн як қатлр пешниҳодҳо ироа гардид.
Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашр

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...