ҲАШАРИ КУРСАНТОНИ АКАДЕМИЯИ ВКД
Чун анъана, ҳар сол дар арафаи “Рӯзи Хотира”, ки 7 май дар саросари ҷумҳурӣ гузаронида мешавад бо дастуру супоришҳои сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ теъдоди зиёди курсантони Академияи ВКД ба ду оромгоҳҳои марказии пойтахти ҷумҳурӣ ва Боғи устод С.Айнӣ ба ҳашари умумӣ фиристода шуданд.
Курсантони факултетҳои Академия дар зери сарварии муовинони сардори Академия полковникҳои милитсия Ализода Алиҷон, Шарифзода Мирзо қабл аз ташриф ба макони корӣ ба курсантон дастуру супориш ва тавсияҳои худро дода, дар мувофиқа бо мудирияти оромгоҳҳо дар ҳудудҳое, ки вобаста карда шуданд, фиристода шуданд.
Курсантон дар зери роҳбарии сардорон, муовинони сардорони курсҳо, кураторони гурӯҳҳои таълимӣ дар Оромгоҳҳои масеҳӣ ва мусулмонӣ самимона кор карда манзили хобрафтагонро аз алафҳои бегона, ҳар гуна партовгоҳҳо, дарахту растаниҳои хушкшуда тоза намуда ба манзили хобрафтагон ҳусну таровати тоза бахшиданд.
Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури ш.Душанбе ва мудирияти “Оромгоҳ” аз ин ташаббусҳои ватандӯстонаи курсантон ва роҳбарияти Академияи ВКД қаноатманд буда, изҳори сипоси худро ба роҳбарияти ВКД ва Академияи ВКД баён намуданд.