Баррасии фаъолияти натиҷабахши Шуъбаи таъминоти Академия
Доир ба фаъолияти босамари Шуъбаи таъминоти Академияи ВКД вохӯрии сардори ин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ бо муовини сардор оид ба таъминот полковники милитсия Раҳимҷон Додарбеков ва ҳайати кормандони шуъбаи мазкур баргузор гардид.
Баъди шунидани ҳисобот оид ба фаъолияти шуъбаи таъминоти таълимгоҳ, натиҷаҳои фаъолияти босамари он мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор дода шуда, қарорҳои дахлдор қабул гардид.
Аз ҷумла, тавре сардори Академия Ф.Шарифзода зикр намуд, аз нигоҳи меъморӣ бинои Академияи ВКД бо тарҳи замонавӣ сохта шуда аз тарафи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.
«Бо назардошти он ки маҷмааи муҳташами Академия ба тамоми стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ аст, аз ин лиҳоз ба шуъбаи таъминоти Академия зарур аст, ки дар тозаю озода нигоҳ доштани бинову дигар иншооти ҳудуди он ва масъалаи таъминот бо таҷҳизоти лозимӣ саҳм гузошта, бо чунин роҳ ин муассисаи таҳсилоти олии касбиро ҳамчун намуна ба меҳмонони дохиливу хориҷӣ муаррифӣ намояд», - изҳор дошт сардори Академия.
Б. Асламов,
Ш. Убайдуллоев