БАРГУЗОРИИ II-ЮМИН КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР МАВЗӮИ «ИЛМИ ҲУҚУҚШИНОСӢ ВА АМАЛИЯИ ОН» БАХШИДА БА РӮЗИ ИЛМИ ТОҶИК
29 апрели соли 2023 дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дуюмин конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Илми ҳуқуқшиносӣ ва амалияи он» бахшида ба Рӯзи илми тоҷик баргузор гардид.
Дар кори конференсияи мазкур олимони шинохтаи илми ҳуқуқшиносии дохил ва хориҷи кишвар бавосита ва бевосита иштирок намуданд. Дар рафти кори конференсия аз ҷониби муовини сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, д.и.ҳ., дотсент, подполковники милитсия Раҳмадҷонзода Рифат Раҳмадҷон сухани ифтитоҳии сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, д.и.ҳ., дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ ироа карда шуд. Инчунин, бо суханони ифтитоҳӣ сарходими илмии шуъбаи ҳуқуқи хусусии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, д.и.ҳ., профессор Маҳмудзода Маҳкам Азам ва сарходими илмии шуъбаи ҳуқуқи хусусии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, д.и.ҳ., профессор Раҳимзода Маҳмад Забир баромад намуда, ҳамасола ташкил ва баргузор намудани чунин конференсияро ҳамчун омили мусоидат намудан дар амалигардонии сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти илм ва амалияи тадбиқи он арзёбӣ карданд. Зикр карда шуд, ки баъд аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пояҳои давлатдорӣ мустаҳкам ва роҳи минбаъдаи рушди кишвар муайян ва таъмин гардидааст. Чи хеле, ки Пешвои муаззами миллат иброз намудаанд «Асри ХХI замони пешрафти бесобиқаи илм ва техникаву технологияҳои навин мебошад. Дар чунин шароит рушди минбаъдаи ҳар кишвар аз дастгирӣ ва дар истеҳсолот ҷорӣ кардани дастовардҳои илмӣ вобастагии амиқ дорад».
Дар идомаи кори конференсия сардори факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., дотсент, подполковники милитсия Мансурзода Амиршоҳ Мансур, мудири шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, д.и.ҳ., профессор Буризода Эмомалӣ Бозор, мудири шуъбаи масоили назариявии давлат ва ҳуқуқи муосири Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, д.и.ҳ., профессор Бобоҷонзода Исрофил Ҳусейн, муовини сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, д.и.ҳ., дотсент, подполковники милитсия Раҳмадҷонзода Рифат Раҳмадҷон, ходими пешбари илмии маркази омӯзиши «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон», Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., дотсент Абдулхонов Файзалӣ Маҳмудович, дотсенти кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ, молиявӣ ва зиддикоррупсионии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон н.и.ҳ., дотсент Ҳаитов Сайдалӣ Поргиевич, профессори кафедраи пешгирии ҷиноятҳои террористӣ ва таъмини бехатарии ҷамъиятиии факултети № 6 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., дотсент, полковники милитсия Сафарзода Ҳаёт Саидамир, муовини ректор оид ба таълими Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., дотсент Абдухолиқзода Акмал Маҳмадӣ ва дигар олимони шинохтаи кишвар бо маърӯзаҳои илмии худ баромад намуданд.
Ҳамчунин, дар кори конференсия зиёда аз 60 мақолаву маърӯзаҳои илмӣ аз дохил ва хориҷи кишвар ворид гардиданд, ки баъд аз анҷоми кори конференсия нашри маҷмӯа дар назар аст. Гузашта аз ин дар кори конференсия намояндагони Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.