Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

«Ҳифзи маълумот дар бораи мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Баҳри иҷрои банди 13, фасли 4 нақшаи фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ ва методии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва банди 2 фасли 4 нақшаи фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ ва методии кафедраи фаъолияти оперативии ҷустуҷӯии МКД факултети 4 Академия ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023, инчунин тибқи Низомнома «Оид ба корҳои илмӣ-тадқиқотии курсантон дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар факултети №4 ҷамъиятҳои илмии курсантон амал мекунад, ки роҳбарии онҳоро омӯзгорони кафедраҳо ба уҳда доранд.
Бояд зикр намуд, ки корҳои илмӣ-тадқиқотии курсантон васитаи муҳими баланд бардоштан ва тайёр намудани мутахассисон ба шумор меравад. Ин имконият медиҳад, ки мутахассисони дорои маълумоти олӣ дошта, қобилияти бештар самаранок ва эҷодкоронаи худро дар фаъолияти амалӣ, комёбиҳои навтарини тараққиёти илму техника истифода баранд. Васеъ ҷалб намудани курсантон ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ барои бартараф намудани мушкилоте, ки дар назди мақомоти корҳои дохилӣ истодааст, мусоидат менамояд.
Дар ин замина, доир ба баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию ватанпарастӣ, ифтихори миллӣ, сатҳи касбии курсантон, мизи мудаввар дар мавзӯи «Ҳифзи маълумот дар бораи мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» бо курсантони курси 4-уми факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, 27 апрели соли 2023 баргузор гардид.
Сараввал бо сухани ифттитоҳӣ сардори кафедраи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии факултаи №4 Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.т., полковники милитсия Юсуфзода А.Ю. баромад намуда, чорабиниро ҳусни оғоз бахшид.
Сипас, баромади муаллими кафедра, лейтенанти калони милитсия Ревазода М.Р. дар мавзӯи «Мафҳум ва моҳияти мақомоти низоми махфият» шунида шуд. Муаллими кафедраи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, лейтенанти калони милитсия Ревазода М.Р. оид ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ» аз 26.07.2014 таҳти № 1095 ва Дастурмал таҳти № 80-2 баромад намуд.
Баъдан баромади курсанти курси 4, сержанти хурди милитсия Ҳоҷизода Б. дар мавзӯи «Танзими сирри давлатӣ дар фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ тавасути дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» баромад намуда, оид ба маълумоти фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ бо қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ» аз 26.07.2014 таҳти № 1095, «Дар бораи макомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 20 марти с.2008 тахти № 362, маълумот дар бораи ташкил, тактика, усул, воситаҳои анчомдиҳии фаъолияти разведкавӣ, зиддиразведкавӣ ва дигар фаъолиятхои макомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба терроризм» аз 23 декабри с.2021 таҳти №1808 ва ғайра суханронӣ намуд.
Пас аз баромади курсанти курси 4, сержанти хурди милитсия Ҳоҷизода Б. баромади милитсияи қаторӣ Ҷӯразода Х. дар мавзӯи «Ҳифзи сирри давлатӣ дар фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» шунида шуд.
Дар охир ба тариқи саволу ҷавоб аз тарафи курсантон ва баромадкунандагони мизи мудаввар доир ба мавзӯи баррасишаванда «Ҳифзи маълумот дар бораи мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» суҳбатҳо гузаронида шуд, ки он хеле ҷолибу хотирмон буд.
Ализода А.А., муаллими кафедраи ФОҶ МКД факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, капитани милитсия
Ибрагимзода Ҷ.И. - муаллими калони кафедраи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ МКД майори милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...