Ҳамкории байналмилалӣ дар самти таълим
Дар ҷодаи ҳамкориҳои дутарафа ва мувофиқи иҷрои бандҳои дахлдори Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва фаъолияти илмие, ки 26 апрели соли 2018 байни Академияи ВКД ва Донишкадаи ҳуқуқшиносии ВКД Россия дар ш. Барнаул ба имзо расидааст, инчунин тибқи Барномаи кории мақсаднок барои соли 2023, 25 апрели соли ҷорӣ дарс дар шакли маҷозӣ барои курсантони курси 3 Донишкадаи ҳуқуқшиносии ВКД Россия дар ш. Барнаул дар мавзӯи «Низоми сиёсии Тоҷикистон» (Политическая система таджикистана) баргузор гардид, ки лектори он профессори кафедраи назарияи идоракунии фаъолияти ҳифзи ҳуқуқи факултети № 1 Академияи ВКД, Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон; раиси Комиссияи доимии АБП ИДМ оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Раҷабзода Равшан Муҳитдин буд.
Дар рафти лексия мафҳумҳои низоми сиёсӣ, психологияи сиёсӣ, маданияти сиёсӣ, инчунин, масъалаҳои асосҳои конститутсионии Тоҷикистон баррасӣ карда шудаанд.
Бояд гуфт, ки лексия дар сатҳи баланд гузашт ва на танҳо курсантони Донишкадаи мазкур, балки омӯзгорони он маълумоти наву шавқовар аз худ намуданд.
Дар охири лексия иштирокчиён ба ҳамдигар ҳамкории пурсамар ва натиҷабахшро дар оянда таманно намуданд.
Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу-нашр