Семинар-машварат дар мавзӯи «Масоили мубрами самти риояи низоми махфият» дар Академияи ВКД
26-уми апрели соли 2023, семинар-машварат дар мавзӯи «Масоили мубрами самти риояи низоми махфият» дар толори Шӯрои диссертатсионии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ҳайати кормандону омӯзгорон баргузор карда шуд.
Семинар-машваратро бо сухани ифтитоҳӣ, д.и.ҳ., дотсент, подполковники милитсия Раҳмадҷонзода Р.Р., муовини сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм ҳусни оғоз бахшид.
Баъдан, семинар-машварат бо иштироки намояндагони Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон кори худро идома дод. Инчунин, дар семинар-машварат подполковники милитсия Ҳасанзода Навруз Эгам, профессори кафедраи ташкили тактикаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии факултети № 6 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маърӯза дар мавзӯи «Ҳифзи сирри давлатӣ дар фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»; н.и.ҳ., подполковники милитсия Азимӣ Умеда Акбар, сардори кафедраи фанҳои муҳандисӣ-техникии факултети № 3 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маърӯза дар мавзуи «Аҳамияти тарбияи кадрҳои соҳаи низоми махфият» баромад намуданд.
Қисмати музокиравии семинар-машварат бо додани саволҳои зиёд оид ба масъалаҳои инъикосгардида ва посухҳои маърӯзачиён ба ин саволҳои додашуда гузаронида шуд, ки дар натиҷа семинар-машварат самарабахш ҳисобида шуда, бо суханони ҷамъбастии д.и.ҳ., дотсент, подполковники милитсия Раҳмадҷонзода Р.Р. пӯшида эълон гардид.