Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таманниёти идона

FayzaliТаъзим мекунам боз дар пеши пойи модар
Модар олиҳаи ҳусну зебоӣ, офарандаи ҳаёту падидаи воло ва аз ҳама азизтарин дар дунёи ҳастӣ мебошад. Модар тимсоли покию озодагӣ, назокату латофат буда, меҳри ӯ беҳадду канор мебошад.
Модар чӣ калимаи зебо, форам ва пур аз меҳру муҳаббат. Модар шахсест, ки барои ҳамаи аҳли башар азизу меҳрубон. Модар субҳи босафои ҳар як хонадон. Модар баҳори бехазон. Модар офтоби нурафшон. Модар дарёдиле баҳри фарзандон. Модар фидоиву чароғи ҳар як хонадон.
Ҳамасола дар саросари дунё 8-уми март иди бонувон таҷлил мешавад. Дар кишвари биҳиштосои мо ин сана ҳамчун Рӯзи модар қайд карда мешавад. Агар модарро чӣ қадаре, ки васф кунем басанде нест. Ҳақ ба ҷониби шоир, ки фармудааст:
Якшаба он ранҷ, ки модар кашид,
Бо ду ҷаҳонаш натвон баркашид.
Он ранҷу азоб, ки модарон барои беозорию болидагии мо - фарзандон мекашанд, ғайр аз Ӯ ҳеҷ кас тоқати бардошти онро надорад.
Аз ин фурсати муносиб истифода бурда, бонувони азизу меҳрубон, Шумо ва дар симои Шумо кулли модарони азизи кишварро бо иди баҳор, иди модарон табрику таҳният гуфта, ба Шумо, пеш аз ҳама тансиҳативу хонаободӣ, муваффақият, комёбиву сарфарозӣ, сарбаландӣ, хушбахтию хушрӯзиро таманно дорам. Бигзор ханда аз лабони Шумо ҳаргиз дур нагардад. Ҳамеша чун гулҳои баҳорӣ шукуфону пурнаҳкат бимонед.
Дар ин маврид ҳақ ба ҷониби устод Лоиқ аст, ки фармуда:
Аз сарвату зи шуҳрат гар бар фалак занам сар,
Таъзим мекунам боз дар пеши пойи модар.
Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ,
сардори Академияи ВКД,
генерал-майори милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...