Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ОМИЛҲОИ МУҲИМИ ПЕШГИРИИ ИФРОТГАРОИИ ДИНӢ

Пӯшида нест, ки тафаккури ифротӣ, гурӯҳҳои ифротгароии динӣ ва созмонҳои террористӣ чӣ дар минтақа ва чӣ дар миқёси чаҳонӣ барои мавҷудияти кишварҳо хатари ҷиддӣ эҷод намудаанд.
Аммо, барои як инсони одӣ фаҳмиши терроризм, экстремизм ва радикализм душворӣ пеш меоварад. Новобаста аз он, ки дар санадҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ мафҳумҳои терроризм, экстремизм ва радикализм шарҳ дода шудаанд, аммо дар миёни олимону муҳаққиқон ва таҳлилгарони касбӣ нисбат ба ин падидаҳо андешаҳо мухталиф мебошанд. Дар соҳаи омӯзиши табиати терроризм, экстремизм ва радикализм, шинохти он ҳамчун падидаи манфии ҷамъиятӣ тадқиқоти ҷиддие ҳанӯз анҷом наёфтааст.
Олимону муҳаққиқон ва таҳлилгароне, ки ба омӯзиши ин се падидаи манфӣ даст ба кор задаанд, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёд нестанд. Шароит имрӯз моро водор мекунад, ки мубориза бо ифротгароии динӣ ва терроризмро чун масъалаи ҳаёту мамот қабул намоем. Шак нест, ки ин масъала ба сарнавишти давлатдории миллии мо гиреҳ хӯрдааст. Лозим аст, ки ба шинохти моҳияти ифротгароии динӣ, дарки хатари воқеӣ ва ба мубориза алайҳи он таваҷҷуҳи бештаре намоем. Тавре маълум аст, ифротгароёни динӣ барои расидан ба ҳадафҳои худ аз зӯроварию хушуннат истифода мекунанд, аз ин рӯ, дар зиндагии рӯзмарра фаҳмиш ва арзишҳои ифротгароён барои аъзои дигари ҷомеа қобили қабул нест.
Ҳамин тавр, ифротгароии динӣ аз марҳилаи радикализм ба марҳилаи терроризм мегузарад. Дар луғат «террор» (terror) ба маънои тарсондан ва даҳшатафканӣ омадааст. Истилоҳи «терроризм» барои ифодаи анҷоми амалҳои террористӣ ё даҳшатафканӣ дар роҳи ба даст овардани ҳадафҳои сиёсӣ, идеологӣ ва иқтисодӣ истифода мешавад. Баъди ба зӯроварӣ ва қатлу куштор рӯ овардани ифротгароён, ин амалашон ба ҳаракати террористӣ табдил меёбад. Ифротгароӣ, тундравӣ ва даҳшатафкании динӣ нишонаҳои асосии гурӯҳҳои ифротгарои динӣ мебошанд.
Маъмулан, имрӯз дар муошират, дар забони илм ва воситаҳои ахбори омма ифротгароиро «экстремизм», тундравиро «радикализм» ва даҳшатафканиро «терроризм» мегӯянд. Аз ифротгароии динӣ то терроризм қадаме беш нест. Мушкил он аст, ки ифротгароии динӣ ба рӯҳия ва ахлоқи инсон, муносибати ӯ ба муҳит ва робитаҳои ҷамъиятии шахс таъсири бисёр ҷиддӣ мегузорад.
Агар монандии як ифротгароро тасвир карданӣ шавем, пас, надоштани саводи комили динӣ, таҳсилоти дурусти исломӣ, таҷрибаю маърифати дурусти динӣ, зоҳирӣ ва сахтгирона фаҳмидани меъёрҳо ва мафҳумҳои динӣ, танҳо эътирофи фаҳмиши худ, таваҷҷуҳи ҷиддӣ ба рангу шакли либос, дарозиву кӯтоҳии пойи шалвор, тарзи ҷунбонидани ангушт дар намоз, андозаи риш, ҳукми ин ё он хӯрок, маҳдудсозии ҳуқуқи занон, бо куфр ҳукм намудани дигарон, пурра анҷом надодани рукъатҳо ва дигар ҷузъиётҳои намоз ва дигар амалу рафтори ношоиста, ҷиҳатҳои хоси монандии як ифротгаро хоҳанд буд.
Ифротгаро ба тарзи дигари фаҳмиши меъёрҳои дин, аз ҷумла мазҳабҳо, мактабҳо ва равияҳои дигари исломӣ тамоман эҳтиром намегузорад, нисбат ба пайравони онҳо бадбинӣ ва нафрат зоҳир намуда, дар муқобили онҳо ҳамеша баҳс мекунад, носазо мегӯяд ва мубориза мебарад. Ба ҷомеа ва ҷаҳон нигоҳи фирқаӣ дорад. Дар бораи тарзи фаҳмиш ва тарзи амали мусулмонони дигар ба осонӣ ҳукм бароварда, онҳоро «фосиқ», «бидъаткор», «ҷоҳил», «тоғут», «муртад» ва «кофир» ҳукм менамояд. Баҳсу мунозираҳои солими илмию ақидавӣ ва далелҳои ақлию мантиқиро қабул надорад ва ҳангоми баҳс фаҳмиши танги худро тӯтивор такрор мекунад. Ба ҷомеа ва инсонҳо аз дидгоҳи фаҳмиши худ муносибат намуда, бо пайравони фаҳмишҳои дигар ҳамзистӣ карда наметавонад. Ба арзишҳо ва меъёрҳои амалкунандаи ҷомеаи дунявию демократӣ, қонунҳои мавҷуда, тартиботи ҷамъиятӣ, ниҳодҳои қудратӣ, шахсиятҳо ва мақомоти расмӣ ва умуман низоми давлатӣ, фарҳанг, санъат, ҳунар, адабиёт, мусиқӣ, ахлоқ ва расму оинҳои мардум эҳсоси бадбинӣ ва нафрат дорад. Ба хотири он ки падару модар, хоҳару бародар, хешу пайвандон, дӯстону ҳамкорон, устодон мисли ӯ ақида надоранд, онҳоро маҳкум ва ошкоро таҳдид, барои ба дигарон таҳмил намудани фаҳмиши худ зӯроварӣ ва хушунату бераҳмӣ мекунад.
Шахси ифротгаро гирифтори таваҳҳум (иллюзия) мешавад, гӯё фақат фаҳмишу амали ӯ дуруст буда, ҷомеа ҳама «фосиқ», мақомот ҳама «фосид», уламо ҳама «бидъаткор», дигарандешон ҳама «кофир» мағозаю ошхонаҳо ҳама «ҳаром», бонкҳо ҳама «рибохор», нӯшобаву шоколадҳо ҳама маҳсулоти «куффор», расонаҳо ҳама «дурӯғ» мебошанд. Аз ҷомеа ҷудо ва ба инзивои равонӣ гирифтор мешавад. Тайёр аст, ки нисбат ба ҷомеа ва инсонҳо ҳама гуна таҳқиру нафрат ва бераҳмию зӯровариро раво бинад. Шахси ифротгарои динӣ барои ҷомеа ва инсонҳо ба як хатари ҷиддии нуҳуфта табдил меёбад.
Хусусияти муҳими ифротгароии динӣ аз он иборат аст, ки идеологҳои ин гурӯҳҳо онро ҳамчун восита ва силоҳи муборизаи манфиатҳои худ вориди муборизаи сиёсӣ намудаанд. Ин ҷо масъала аллакай ранги дигар мегирад. Ин ҷо ифротгароии динӣ як неруи муташаккили сиёсию ҳарбӣ, як тӯфони харобиовари иҷтимоӣ ва як таҳдиди ҷиддии сиёсию амниятист. Тасаввур кунед: ҳазорон ифротӣ зери шиорҳои сиёсишудаи динӣ ба раванди муборизаи сиёсӣ ва қудратӣ кашида мешаванд, онҳо ба қувваи калони ваҳшӣ, бераҳм, сӯзанда ва вайронкор табдил мегарданд.
Барои ба як қувваи муташаккили қудратманд табдил ёфтани ифротгароён се унсури муҳим - ғоя, ташкилот ва силоҳу имконот нақши ҳалкунанда доранд. Ба гурӯҳҳои ифротгарои динӣ шомил мешаванд? Онҳое, ки саводу маърифати дурусти динӣ надоранд, фаҳмиши радикалию хушунатомези меъёрҳои дин, таълимоти сирф сиёсишудаи исломиро ба эътиқоди худ табдил додаанд. Омилҳои дигаре, мисли ҳомиёни ҳимоятгару созмондеҳи ин гурӯҳҳо, манфиатҳои мушаххаси қудратҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, истифода аз мушкилот ва ихтилофи иҷтимоӣ, боиси ташкили ин гурӯҳҳо мегарданд.
Аъзои гурӯҳҳои ифротии динӣ ба он назаранд, ки ягон давлати мусулмонӣ бояд ҳамчун давлати мустақил вуҷуд надошта бошад. Онҳо ҳамаи ин давлатҳоро маҷбуран ишғол, ба таркиби «Хилофати ягонаи исломӣ» дохил ва ҳамчун як ноҳияи «хилофат» бе чуну чаро ба хилофати ягонаи худ тобеъ намуданианд. Онҳо давлатҳои мустақил ва соҳибистиқлолро эътироф накарда, мехоҳанд ҳамаи ин давлатҳоро дар таркиби «хилофат»-и худ маҳв намоянд. «Ҳизб-ут-таҳрир», «ДОИШ» ба таври расмӣ назарияи бунёди «хилофати ягонаи исломӣ»-ро тарғиб менамоянд. Ҳамчун як давлати мустақил аз байн бурдани Тоҷикистон ва ба як ноҳияи хурди хилофати худашон табдил додани кишвари мо яке аз ҳадафҳои ифротгароён мебошад.
Гурӯҳҳои ифротгарои динӣ танҳо ба ташвиқу тарғиб машғул набуда, нияти бо роҳи зӯрӣ ва ҷанг ишғол намудани кишварҳои мусулмонӣ ва ба даст гирифтани ҳокимияти сиёсиро тарзи фаъолияти худ интихоб кардаанд. Дар ниҳояти кор боз ҳамон давлатҳои сарватманду қудратманд ин гурӯҳҳои ифротгароро сохта ва сармоягузорӣ менамоянд. Мақсади ин қудратҳо маҳз ишғол кардани ҳудуди кишварҳои мусулмонӣ, ба даст гирифтмудани амалҳои худ онҳо далелҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодию фарҳангӣ эҷод менамоянд.
Терроризм, ки сарчашмаҳои идеологӣ ва сиёсӣ низ дорад, ҷинояти сангин алайҳи инсоният аст. Террористон мекӯшанд, то фазои ноамнию бесуботиро барои шаҳрвандон эҷод намуда, бо ин собит намоянд, ки давлат амнияти бошандагонашро таъмин карда наметавонад. Бо ин восита бовари мардумро нисбат ба давлат коҳиш дода, миёни давлат ва мардум фосила эҷод мекунанд. Гуфта метавонем, ки ҳар амали хушунатомези дорои мақсадҳои сиёсӣ ва мазҳабие, ки миёни халқ даҳшат меафканад ва боиси бесуботӣ ва беэътимодии мардум мегардад, амали террористӣ мебошад.
Мутахассисон терроризмро ба намудҳои гуногун, монанди давлатӣ, фаромиллӣ, маҳаллӣ, фардӣ, нашъатерроризм, мазҳабӣ, иттилоотӣ ва фарҳангӣ тақсим мекунанд.
Дар ягон давр терроризмро омма ва шаҳрвандони кишварҳои ҷаҳон дастгирӣ накардаанд. Дар лаҳзаҳои ҳассос барои ҳар як миллату давлат арзишҳои умумимиллию умумидавлатие ҳастанд, ки одамон, шаҳрвандон ва миллатро ба ҳам меоранд. Дар ин гуна лаҳзаҳои ҳассосу тақдирсоз ба ҳеҷ гуна зиддият нигоҳ накарда, миллат ва фарзандони барӯманди он аз як гиребон сар мебароранд. Дар Тоҷикистони мо низ бояд тоҷик ва тоҷикистонӣ будан ифтихори умум бошад. Пеш аз ҳама, тоҷик ва тоҷикистоние бошем, ки як идеяи фарогири миллӣ, идеяи Тоҷикистони воҳид, миллати ягонаи муттаҳид, суботи сиёсию ҷамъиятии кишвар бароямон аз ҳама арзишу манфиатҳои дигар болою воло бошад.
Хулоса, ба мо лозим аст, ки кӯшиш ба харҷ диҳем, фарҳанги миллиамонро боло бардорем. Ба ҷомеа, алалхусус ҷавонон фаҳмонда тавониста бошем, ки бо тақлидҳои кӯр-кӯрона дунболи гурӯҳҳои ифротӣ нараванд.
Вобаста ба тақвияти шуури динии ҷомеа, давлату Ҳукумат талошҳои зиёд анҷом додаанд, ки яке аз намунаҳои он, бахшида ба 30 солагии Истиқлоли кишвар, ташаббуси навбатии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба бознашри китоби Қуръони Карим бо теъдоди 32000 нусха дар соли ҷорӣ ва ба таври ройгон пешкаши мардуми шарифи Тоҷикистон намудан мебошад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минбари СММ оид ба покии дини муқаддаси Ислом суханронӣ намуда, нисбат додани тероризм ва экстремизм (ифротгароӣ) ба ин дини муқаддасро бо қотеият рад намудааст.
Ҷилавгирӣ кардан аз ифроту тафрит яке аз омилҳои муҳими ҳифзи ваҳдати миллӣ, суботи ҷомеа ва рушди давлати миллӣ мебошад. Бо боварии комил гуфта метавонем, ки ҷавонони боғайрат, далер ва ҷасури тоҷик, иродаи матин дошта, на танҳо барои вусъатёбӣ, балки роҳ ёфтани терроризм ва ифротгароӣ дар марзу буми Ватани азизи худ бо ҳар роҳу усул, яъне ҳам амалӣ ва ҳам маънавӣ мубориза хоҳанд бурд.
Ояндае, ки мо мехоҳем бисозем, ҷамъияти дорои имкониятҳои васеъ, бехатарӣ барои оилаҳоямон, сатҳи баланди зиндагӣ ва субот аст. Имкони таъмини ҳамаи инро дорем. Бояд якҷоя, дастаҷамъона меҳнат кунем, дӯстию ваҳдатро таҳким бахшем, оқилона ва бомулоҳизаю созанда андеша намоем.

Руйхати адабиёт:

1. Шохуморов, С. Терроризми байналмилалӣ ва ифротгароии исломӣ [Матн]. – Душанбе, 2002. – 68 с.
2. Услуби тафтиши ҷиноятҳои марбут ба терроризм ва экстремизми сиёсӣ [Матн]: Дастури илмӣ - амалӣ. – Душанбе: Сарпараст, 2003. – 103 с.
3. Ҳамид, С. Низоъ, терроризм ва рисолати рузноманигорон [Матн]: Маҷмуаи мақолаҳо. – Душанбе, 2007. – 58 с.
4. Гулзор, Р. Бо ифродгароӣ муборизаи дастаҷамъона мебояд [Матн]: Оид ба терроризм ва ифродгароӣ // Ҷумҳурият. – 2015. – 28 май.
5. Тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон [Матн]: Дар бораи мубориза бар зидди терроризм / А.Ғ.Холиқов., Холиқзода., Н.Р. Латипов., Т.А. Хабирова., Н.Б. Азимов., Ф.А. Мирзоахмедов., С. Коҳирӣ., А.Ш. Алиев. – Душанбе: Контраст, 2014. – 294 с.
6. Тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон [Матн]: Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ) / Зери таҳ. А.Ғ.Холиқов . – Душанбе, 2014. – 236 с.

Самиъзода Бахтиёр Салим, дотсенти кафедраи фанҳои ҷамъиятии Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия
Комилов Далер Рустамович, сармутахассиси Раёсати таълим, номзади илмҳои фалсафа, дотсенти Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи С.Улуғзода,

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...