Мизи мудаввари илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Ҳуқуқи инсон: дирӯз, имрӯз ва фардо»
Бо мақсади амалӣ намудани банди 16 фасли 4 «Нақшаи фаъолияти илмӣ-тадқиқотии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023» ва бо мақсади дарку фаҳм ва баланд бардоштани ҷаҳонбинӣ ва сайқал додани савияи дониши курсантон, 19-уми апрели соли 2023 бо ташаббуси ҷамъияти илмии курсантони кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо номи «Давлатшиносони ҷавон» мизи мудаввари илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Ҳуқуқи инсон: дирӯз, имрӯз ва фардо» баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур сардори факултети №2 Академияи ВКД, н.и.ҳ., дотсент, подполковники милитсия Мансурзода А.М., котиби Шӯрои олимони Академия, н.и.ҳ., дотсент, полковники милитсия Абдурашидзода А.А., сардори кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети №2 Академияи ВКД, н.и.ҳ., подполковники милитсия Каримзода У.К., сардори кафедраи фанҳои ҷамъиятии факултети №2 Академияи ВКД, н.и.с., дотсент, подполковники милитсия Муҳаммад С. А., ходими калони илмии ШТИ ва ТН Академияи ВКД, капитани милитсия Расулзод Л.Х, омӯзгорони кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқӣ Солеҳзода Ф.Ф., ҚодирзодА Ғ.Н., ҶалолзодаС.И., Маҳинаи Нуралӣ, Қурбонзода Ҷ. Ғ. Иброҳимзода Д.Қ., ҳамзамон роҳбари маҳфили илмии «Давлатшиносони ҷавон» капитани милитсия Фахридинзода Ҳ.С. ва аъзоёни маҳфили илмӣ курсантони курсҳои 1 - 5-и факултети №2 ва 6-и Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок намуданд.
Мизи мудаввари илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Ҳуқуқи инсон: дирӯз, имрӯз ва фардо» бо сухани ифтитоҳии сардори факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., дотсент, подполковники милитсия Мансурзода А.М., оғоз гардид.
Мавсуф аз ташрифи ҷамъомадагон қаноатмандӣ намуда иброз дошт, ки яке аз масоилҳои глобалии давлатҳои сайёра ин арҷ гузоштан ба инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ ба ҳисоб меравад. Зеро дар тули мавҷудияти инсоният ҳуқуқу озодиҳои инсон яке аз арзишҳои муҳими башарӣ шуморида шуда, эҳтиром гузоштан ва он вазифаи ҷомеаи инсонӣ мебошад.
Сипас маърӯзачиён ботартиб дар мавзӯъҳои мухталиф Иброҳимзода Д.Қ. - муаллими кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти калони милитсия дар мавзӯи «Нақши мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини механизми ҳимояи ҳуқуқи инсон», милитсияи қаторӣ Назаров А.У. курсанти курси 3-юм, гуруҳи таълимии 302, факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мавзӯи «Ҳимояи ҳуқуқи инсон аз ҷониби Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх», милитсияи қаторӣ Юсупов С. - курсанти курси 3-юм, гуруҳи таълимии 305, факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мавзӯи «Принсипҳои байналмилалӣ таъминкунандаи ҳуқуқи инсон»; милитсияи қаторӣ Саидов Т. - курсанти курси 3-юм, гуруҳи таълимии 307, факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мавзӯи «Ҳуқуқи зан ва модар»; милитсияи қаторӣ Муродов С.М. курсанти курси 2-юм, гуруҳи таълимии 206, факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мавзӯи «Мақом ва манзалати парчам дар таърих ва тамадуни тоҷикон»; сержанти хурди милитсия Раҷабов Х. - курсанти курси 3-юм, гуруҳи таълимии 304, факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мавзӯи «Ташакули идеяи миллӣ ва ҳуввияти миллӣ дар шароити Истиқлолияти давлатӣ»; милитсияи қаторӣ Ғуломзода З.Ҳ. - курсанти курси 4-ум, гуруҳи таълимии 407, факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мавзӯи «Рамзҳои сиёсӣ ва мақоми онҳо раванди бунёди давлатдории миллӣ».
Дар охири семинар аз ҷониби курсанти курси якум гурӯҳи таълимии 105 факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон милитсияи қаторӣ Шарифов Манучеҳр, қироати шеър аз ашъори Сардори кафедраи забонҳои факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.п., дотсент, полковники милитсия Давлатшозода АШ. бо номи «Қонунсипаро» қироат гардид.
Дар ҷараёни чорабинӣ паҳлӯҳои гуногуни ҳуқуқи инсон мавриди матраҳ қарор дода шуд.
Ҳамин тариқ, дар интиҳои чорабинӣ иштирокдоштагон аз баргузории чунин як семинари илмӣ-назариявӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, аз рафти он баҳраманд гардида, ибрози сипос намуданд. Бо ҳамин бо сухани ҷамъбастӣ аз ҷониби сардори факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., дотсент, подполковники милитсия Мансурзода А.М., мизи мудаввари илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Ҳуқуқи инсон: дирӯз, имрӯз ва фардо» ба анҷом расид.
Фахридинзода Ҳ.С., роҳбари маҳфили илмии «Давлатшиносони ҷавон», муаллими кафедраи фанҳои давлатӣ- ҳуқуқии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, капитани милитсия.