Инъикоси нақши занон дар Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ
Ҳар сол Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба мардуми шарифи Тоҷикистон ироа мегардад. Паёмҳои Президенти кишвар масъалаҳои асосиро дар бар мегиранд ва лозим ба ёдоварист, ки дар қатори масъалаҳои муҳим - масъалаи баланд бардоштани мавқеи занон дар ҷомеа баррасӣ мегардад ва ҳеч гоҳ аз мадди назари Пешвои муаззами миллат дур нест.
Аз солҳои аввали истиқлол то инҷониб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионӣ ва баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, баррасии масъалаҳои муҳимтарини ҳаёти бонувон, як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла: Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нақшаи миллии тадбирҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баланд бардоштани мақом ва нақши зан дар солҳои 1998-2005» аз моҳи сентябри соли 1998; Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» аз 3 декабри соли 1999, №5; Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба низом даровардани қабули духтарон ба мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 19-уми апрели соли 2001, №199; Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барномаи давлатии «Самтҳои асоси сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардону занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001-2010» аз 8-уми августи соли 2001, № 391; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардони онҳо» аз 1-уми марти соли 2005, №89; Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси грантҳои Президентӣ барои рушди соҳибкории хурду миёна, ба касбомӯзӣ ҷалб намудани занону духтарон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии онҳо ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ барои солҳои 2006-2010» аз 4-уми июли соли 2006, №307; Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» аз 29-уми майи соли 2010; Қарори Ҳукумати мамлакат “Дар бораи таъсис ва ҷудо намудани грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2016-2020”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» аз 19-уми марти соли 2013, «Консепсияи рушди оила», «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши зан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барномаи давлатии «Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд» барои солҳои 2017-2022 ба имзо расидаанд, ки тибқи он аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт тадбирҳои муассир андешида шудаанд. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии зикршуда имконият фароҳам меоваранд, ки нақши занон дар идоракунии мақомоти давлатӣ сол то сол афзоиш ёбад.
Дар миқёси давлатҳои ИДМ Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз аввалинҳо шуда, Консепсияи байналмилалӣ «Дар бораи барҳам додани тамоми шакли табъиз нисбат ба занон»-ро 27-уми декабри соли 1993 қабул кардааст, ки ин аз баланд будани мақоми зан дар ҷомеаи мо хабар медиҳад, ва Ҷумҳурии Тоҷикистон кишваре мебошад, ки аз солҳои аввали истиқлолият дар назди Ҳукумат Кумитаи кор бо занон ва оила фаъолият дорад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2008 то ин ҷониб Барномаи давлатии «Тарбия, ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занон ва духтарон» амал мекунад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як вохӯриҳояш дар қаламрави ҷумҳурӣ диққати аввалиндараҷаро ба масъалаи тарбияи кадрҳо аз ҳисоби занону духтарон медиҳанд. Садҳо квота барои духтарони маҳаллӣ аз ҷониби Роҳбари давлат барои дохил шудан ба мактабҳои олии ҷумҳурӣ дода мешаванд. Баъди хатмкунӣ дар навбати аввал духтарон бо ҷойҳои корӣ таъмин карда мешаванд.
Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати нақш ва мавқеи занону бонувон чунин омадааст: «Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирии занону бонувон ва баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа бисёр тадбирҳои судмандро амалӣ намуд. Ҳоло аз шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ 25 фоиз, азҷумла кадрҳои роҳбарикунанда қариб 20 фоизро бонувону занон ташкил медиҳанд. Инчунин, бонувону занон дар соҳаи маориф 73 фоиз, тандурустӣ 71, фарҳанг 47, бонкдорӣ 39, алоқа 25, азҷумла дар соҳаи хизматрасонии иттилоотӣ қариб 40 фоиз мебошанд.
Таъсиси грантҳои президентӣ ба густариши фаъолияти соҳибкории занону бонувон мусоидат намуд ва онҳо дар баробари беҳтар сохтани шароити оилавии худ ҳоло ба рушди иқтисоди кишвар низ таъсири назаррас расонида истодаанд. Соли 2022 ба зиёда аз 600 ҳазор занону бонувон аз ҷониби муассисаҳои бонкӣ ба маблағи беш аз 3 миллиарду 400 миллион сомонӣ қарз дода шудааст, ки нисбат ба соли 2018-ум 2,4 баробар зиёд мебошад. Умуман, дар панҷ соли охир маблағи қарзи ба занону бонувон пешниҳодшуда 12,1 миллиард сомониро ташкил кардааст. Рақамҳои зикршуда гувоҳи равшани фаъол будани занону бонувон дар иқтисодиёти кишвар мебошанд. Дар 21 соли охир беш аз 504 ҳазор духтарону бонувон муассисаҳои ҳамаи зинаҳои таҳсилоти касбиро хатмкарда, соҳибкасб шудаанд. Аз ин ҳисоб 239 ҳазор нафари онҳо соҳиби маълумоти олӣ гардида, ҳоло боз 100 ҳазор нафар духтарон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таҳсил карда истодаанд. Мо тасмим дорем, ки ҷалби бонувонро ба корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ минбаъд низ густариш бахшем, зеро онҳо дар ҷомеаи мо қувваи бузург мебошанд ва мо ба неруву ташаббусҳои онҳо ҳамеша эътимод дорем. Мо, ҳамчунин ба нақши зан-модар, ки мавҷуди муқаддас мебошад, ҳамеша арҷ мегузорем, чунки ӯ насли инсонро бавуҷуд меоварад, тарбия мекунад ва ба камол мерасонад».
Валиёр Н.А., подполковники милитсия,
Дадазода Д.О., подполковники милитсия,
Абдуҷабборзода М.А.? капитани милитсия.