Таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат ва энергетика
Бардоштҳо аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2022
23 декабри соли 2022 дар толори калони “Кохи Сомон”-и Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Паёми худ “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд.
Дар толор раёсат ва аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазир ва аъзои Ҳукумати мамлакат, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти вазорату кумитаҳои давлатӣ, идораҳои назди Президент ва Ҳукумат, мақомоти марказии судӣ ва дигар ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот, Академияи миллии илмҳо, муассисаҳои олии таълимӣ, роҳбарони марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, як гуруҳ собиқ вакилони Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ, Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, вакилони як қатор иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, сиёсӣ ва эҷодӣ, роҳбарияти корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, бонкҳо, доираи тоҷирону соҳибкорон ва ҷавонони ташаббускор, намояндагони ҳайати дипломатӣ ва воситаҳои ахбори умум иштирок доштанд.
Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба пешбурди самараноки сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.
«Тавре ки ба ҳама маълум аст, тағйирёбии глобалии иқлим ба сифати яке аз мушкилоти муосир, пеш аз ҳама, ба ҳолати пиряхҳо, захираҳои барф ва об таъсири манфӣ мерасонад. Ман оид ба ин масъала аз минбарҳои созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ борҳо таъкид карда будам» қайд намуд, Пешвои миллат.
«Ҷомеаи ҷаҳонӣ хуб дарк мекунад, ки коҳиш ва харобшавии минбаъдаи манбаъҳои обҳои ошомиданӣ дар сайёра метавонад аҳли башарро ба фалокатҳои зиёди ҷонӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дучор намояд.Аз ин лиҳоз, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ лозим меояд, ки барои ҳалли ин масоили глобалӣ ҳарчи зудтар чораҳои зарурии муштаракро таҳия ва татбиқ намояд.Мо хушҳол аз онем, ки ташаббуси мо бо дарки масъулият аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пуштибонии ҳаматарафа ёфт.Бинобар ин, аз фурсат истифода бурда, ба тамоми кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид, сохторҳои он ва дигар ташкилотҳои байналмилалию минтақавӣ, ки барои дастгирӣ намудани ин ташаббуси мо дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид мусоидат карданд, аз номи худ, Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон сидқан изҳори миннатдорӣ менамоям.»
Соли 2022 барои Тоҷикистони мо, дар маҷмӯъ, соли бобарор буд. Ба шарофати заҳмати содиқонаи мардуми кишвар раванди созандагиву ободкорӣ бомаром идома ёфта, нақшаву барномаҳои пешбинигардида ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат ҳадафмандона амалӣ карда шуданд.Чунонки ба ҳама маълум аст, солҳои охир вазъи сиёсиву иқтисодии ҷаҳон хеле мураккаб гардида, ҳоло инсоният дар давраи ниҳоят ҳассос ва душвортарини таърихи қариб сад соли охири худ қарор дорад. Аз ҷумла, дар панҷ соли охир таъсири манфии бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ, паҳншавии бемориҳои сироятӣ, инчунин, пайомадҳои тағйирёбии иқлим ба иқтисоди кишварҳои ҷаҳон шиддат ёфта, яроқнокшавии бошитоб ва оғози марҳалаи «ҷанги сард» боиси халалдор шудани низоми муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратии байни давлатҳо ва ба вуқӯъ омадани буҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ гардид.
Тоҷикистон яке аз давлатҳои дорои захираҳои бузурги истеҳсоли неруи барқи аз лиҳози экологӣ тоза мебошад.Чунонки борҳо таъкид кардаам, ҳоло 98 фоизи барқ дар неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол карда мешавад ва аз рӯйи ин нишондиҳанда, яъне фоизи истеҳсоли «энергияи сабз» кишвари мо дар ҷаҳон ҷойи шашумро ишғол менамояд.Аз рӯйи кам будани ҳаҷми партови газҳои гулхонаӣ низ Тоҷикистон дар яке аз ҷойҳои баландтарин қарор дорад.Дар сурати истифодаи нерӯи барқи «тоза»-и дар кишвар истеҳсолшаванда дар воситаҳои нақлиёти барқӣ метавон талаботи мамлакатро аз маҳсулоти нафтӣ коҳиш дода, ба ин васила ба ҳифзи муҳити зист ва беҳтар намудани вазъи экологии мамлакат мусоидат намуд.
Дар робита ба ин, ба вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав ва нақлиёт супориш дода шуд, ки ҷиҳати дар дохили кишвар ба роҳ мондани истеҳсоли воситаҳои нақлиёти барқӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.Инчунин, ҷиҳати таблиғу муаррифӣ кардани бартарии экологии маҳсулоти саноатии бо истифода аз «энергияи сабз» истеҳсолгардидаи кишвар зарур аст, ки корхонаҳои ватанӣ барои гирифтани сертификати «истеҳсоли сабз» аз мақомоти махсусгардонидашудаи байналмилалӣ чораҷӯӣ намоянд.Бо мақсади расидан ба истиқлоли энергетикӣ ва истифодаи самараноки неруи барқ дар идомаи корҳои дар солҳои соҳибистиқлолӣ баанҷомрасида ҳоло татбиқи боз 20 лоиҳа ба маблағи 17 миллиард сомонӣ идома дорад.
Аз ҷумла имсол таҷдиди неругоҳҳои барқи обии «Сарбанд» бо тавоноии 270 мегаватт ба маблағи 1 миллиарду 360 миллион сомонӣ пурра ба охир расида, таҷдиди нерӯгоҳҳои барқи обии «Норак» ба маблағи 7 миллиард сомонӣ ва «Қайроққум» ба маблағи умумии 2 миллиард сомонӣ, инчунин, сохтмони неругоҳи барқи обии «Себзор» ба маблағи 612 миллион сомонӣ дар ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва неругоҳҳои бодиву офтобӣ дар ноҳияи Мурғоб ба маблағи умумии 170 миллион сомонӣ бомаром идома дорад.Бояд гуфт, ки баъди 50 соли фаъолият агрегати якуми неругоҳи «Норак» пас аз таҷдид бо харҷи беш аз 800 миллион сомонӣ бо тавоноии 375 мегаватт моҳи октябри соли 2022 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.Бо пурра ба анҷом расидани корҳои таҷдиду азнавсозӣ ва муҷаҳҳазгардонӣ бо таҷҳизоту технологияҳои муосир ба нерӯгоҳи «Норак» умри дубора бахшида шуда, иқтидори кории он иловатан 775 мегаватт зиёд мегардад.
Инчунин, корҳои сохтмон дар неругоҳи барқи обии «Роғун» бомаром пеш рафта истодаанд.Бо ин мақсад дар соли 2022-юм 3,2 миллиард сомонӣ равона карда шуд.Дар баробари ин, бояд гуфт, ки солҳои охир талафоти техникии барқ ба вазъи молиявии ширкату корхонаҳои соҳа таъсири манфӣ расонида истодааст.Барои таъмиру таҷдиди шабакаҳои барқии кишвар дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ беш аз 10,7 миллиард сомонӣ хароҷот шудааст.Вале талафоти барқ то ба ҳол нигаронкунанда буда, дар даҳ моҳи соли ҷорӣ 20,4 фоизро ташкил додааст.Аз ин лиҳоз, Вазорати энергетика ва захираҳои об ва Ҷамъияти саҳҳомии «Ширкати тақсимоти барқ»-ро зарур аст, ки татбиқи босифату саривақтии лоиҳаҳои кам намудани талафоти неруи барқро ба маблағи 2,4 миллиард сомонӣ ва насби беш аз 800 ҳазор ҳисобкунаки барқиро дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар муҳлатҳои муқарраршуда ва бо сифати баланд таъмин намоянд.
Вазорати энергетика ва захираҳои об, ҳамчунин, вазифадор карда шуданд, ки якҷо бо ширкату корхонаҳои соҳа барои таъсис додани низоми ягона ва мутамаркази биллингӣ, насби ҳисобкунакҳои зеҳнӣ ва ба ин васила то охири соли 2025 то сатҳи 9 фоиз паст намудани талафот ва ҷамъоварии пурраи маблағи барқи истифодашуда, инчунин, истифодаи самараноки захираҳои мавҷудаи соҳа чораҳои фаврӣ андешад.
Ҳамзамон бо ин, бо дарназардошти имконияту захираҳои «энергияи сабз» дар кишвар, вазоратҳои энергетика ва захираҳои об, саноат ва технологияҳои нав, рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Академияи миллии илмҳо супориш дода шуд бо гурӯҳи кории байниидоравӣ масъалаи имконият ва дурнамои рушди энергетикаи водородӣ, яъне нерӯи гидрогениро ҳамаҷониба омӯхта, ба Ҳукумати мамлакат пешниҳоди мушаххас манзур намоянд.
Таҳияи омӯзгорони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон
Абдулҳамидзода Амирали, Файзуллозода Маҳмуд, Одиназода Лутфулло