Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштироки курсантони Академияи ВКД дар конференсияи байналмилалӣ

924

Новобаста ба мушкилоту проблемаҳои зиёде, ки дар вақтҳои охир дар саросари ҷаҳон рӯх дода истодаанд, илм сарҳадҳоро васеъ намуда, олимони ҷавони ҷаҳонро ба ҳам наздик мекунад. Инчунин ҳамкории Академияи ВКД бо муассисаҳои таълимии олии кишварҳои дуру наздик дар як ҷой намеистад ва марзашро васеъ мекунад. Инак, 14 апрели соли ҷорӣ олимони ҷавони Академия дар симои курсантон дар кори конференсияи илмӣ-назариявии умумироссиягbb сатҳи байналмилалидошта таҳти унвони «Актуальные вопросы права в условиях цифровизации общества», ташкилкунандаи он Донишкадаи (филиали) Донишгоҳи Россиягии дӯстии халқҳои ба номи Патрис Лумумба дар ш. Сочи, дар шакли он-лайн фаъолона иштирок намуданд.

926

Бо суханҳои ифтитоҳӣ директори донишкадаи мазкур А.И. Петенко, роҳбари илмии донишкада, номзади илмҳои иқтисодӣ Н.И. Козлова, прокурори ш. Сочи Я.М. Коган ва аз тарафи Академияи ВКД Тоҷикистон доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Р.Р. Раҳмадҷонзода баромад намуданд.

925
Аз тарафи Академияи ВКД курсантони курси 4-уми факултети № 2 Мусоева Фуруғ бо маърӯза дар мавзӯи “Преступления в сфере информационной безопасности: понятие и законодательное закрепление» ва Ҳалимов Амирҷон бо маърузаи «Преступления в сфере цифровых и информационно-телекоммуникационных технологий и меры по их противодействию» бо роҳбарии илмиашон – номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники милитсия Арипов А.Л. баромад намуданд.

927
Дар рафти конференсия бо маърузаҳои илмӣ ҳамчунин, курсантон ва шунавандагон аз муассисаҳои таълимии худи Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қазоқистон иштрок намуда, оид ба масъалаҳои гуногуни мубрами давлатҳои худ маърузаҳои ҷолиби худро пешниҳод намуданд.
Бояд гуфт, ки ба ин муассисаи таълимӣ Академияи ВКД бори аввал ҳамкорӣ намуда, умедворем, ки таҳкими минбаъдаи ҳамкории мо устувор хоҳад шуд.
Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашр

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...