Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар он-лайн конференсияи байналмилалӣ оид ба масъалаҳои мубрами фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ

921

Дар ҷодаи ҳамкориҳои дутарафа ва мувофиқи Барномаи мақсаднокии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишкадаи ҳуқуқшиносии ВКД Россия дар ш. Ростов-на-Дону, 14 апрели соли ҷорӣ конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзӯи «Масъалаҳои мубрами фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ» (Актуальные проблемы правоохранительной деятельности) дар режими он-лайн баргузор гардид.

922
Қайд намудан ба маврид аст, ки масъалаи мазкур дар Академияи ВКД мавриди омӯзиш қарор ёфта, мавзӯи илмӣ таҳти унвони «Проблемаҳои амалия ва назарияи модернизатсияи фаъолияти ҳимояи ҳуқуқ ва ҳифзи ҳуқуқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз буҷаи давлатӣ маблағгузорӣ карда мешавад, гузаронида шуда истодааст.

923
Бо суханҳои ифтитоҳӣ муовини сардори Донишкада оид ба корҳои илмӣ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Сергей Василевич Пахомов баромад намуд.
Аз номи Академияи ВКД дар кори он-лайн конференсия сардори кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии факултети № 2 Академияи ВКД, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, майори милитсия Н.Д. Вализода бо маъруза дар мавзуи “Ҳамкории мақомоти корҳои дохилӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ” (Взаимодействие органов внутренних дел с общественными объединениями в области охраны общественного порядка) баромад намуд.
Дар кори конфренсия оид ба масъалаҳои гуногуни фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ, ҳуқуқшиносон ва профессорону омӯзгорони системаи ВКД/Политсия аз Ҷумҳурии Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон ва худи Россия баромад намуданд.
Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашр

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...