Ҳамкории байналмилалии Академияи ВКД дар соҳаи такмили ихтисоси мутахассисон
13-уми апрели соли 2023 мутахассисон ва курсантони Академияи ВКД дар онлайн тренинги фосилавӣ дар мавзӯи “Методологияи муайянсозӣ ва гурӯҳбандии ҷинояткорон дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ”, ки ташкилкунанда он Барномаи мусоидат дар идоракунии сарҳадот дар Осиёи Марказӣ ва Афғонистон (BOMCA 10), иштирок намуданд. Дар рафти тренинг иштирокчиён аз таҷрибаи кории кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба пешгирии ҷинояткорӣ дар сарҳадот аз наздикӣ шинос шуданд ва дар дарсҳои амалие, ки кормандони Академияи ВКД Қазоқистон дар ш. Караганда гузарониданд, фаъолона иштирок намуданд.
Мақсади асосии барномаи мазкур ин афзоиши амният ва субот дар минтақа бо роҳи мусоидат ба рушди устувори иқтисодӣ тавассути идоракунии сарҳад мебошад ва айни замон тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ (Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон) ва Афғонистонро дар бар мегирад. Бояд қайд намудан зарур аст, ки Барномаи мазкур бо Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории зич дорад ва оид ба масъалаҳои мубориза ба савдои одамон, киберҷиноятҳо, эктремизм ва терроризм, муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва ғ. тренингҳо ва семинарҳои омӯзишӣ мегузаронад.
Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашр