Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Сарватҳои табиат, вазъи экологӣ ва роҳҳои ҳифзи онҳо»

915

12-уми апрели соли 2023 конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Сарватҳои табиат, вазъи экологӣ ва роҳҳои ҳифзи онҳо» дар толори Шӯрои диссертатсионии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ҳайати профессорону омӯзгорон ва курсантон баргузор карда шуд.

Конференсияро бо сухани ифтитоҳӣ н.и.ҳ., полковники милитсия Насуриён П.А., муовини аввали сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳусни оғоз бахшид.

916
Баъдан, конференсия таҳти роҳбарии н.и.ҳ., полковники милитсия Насуриён П.А. кори худро идома дода, дар он доктор PhD Насруллоев Фарҳод Хуҷаевич, муовини директор оид ба илми Муассисаи давлатии илмии Маркази омӯзишии пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо маърӯза дар мавзӯи «Тоҷикистон пешоҳанги масоили ҳифзи пиряхҳо дар ҷаҳон»; полковники милитсия Асламов Бозоралӣ Сафаралиевич, ходими калони илмии қисми таълимии шуъбаи адъюнктураи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маърӯза дар мавзӯи «Геополитикаи об ҳамчун сарвати табиӣ»; майори милитсия Меҳрулло Нуруллозода, сардори факултети № 5 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маърӯза дар мавзӯи «Ҳифзи пиряхҳо ва мавқеи мушкилоти глобалӣ вобаста ба об дар ҷаҳони муосир»; лейтенанти калони милитсия Ҳабибов Муҳаммад Давлатбекович, муаллими кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии мақомоти корҳои дохилии факултети № 2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маърӯза дар мавзӯи «Тағйирёбии иқлим ва иқдомҳои пешгирифтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бартараф намудани оқибатҳои он»; курсантони факултети № 5 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, сержанти хурди милитсия Муқимова Амина бо маърӯза дар мавзӯи «Об барои рушди устувор» ва милитсияи қаторӣ Ғуломзода Ҷонибек бо маърӯза дар мавзӯи «Нақши мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуданд.

917
Қисмати музокиравии конференсия бо додани саволҳои зиёд оид ба масъалаҳои инъикосгардида ва посухҳои маърӯзачиён ба ин саволҳои додашуда гузаронида шуд, ки дар натиҷа конференсия самарабахш ҳисобида шуда, бо суханони ҷамъбастии н.и.ҳ., полковники милитсия Насуриён П.А. пушида эълон гардид.
Азимӣ У.А.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...