Конференсияи I-уми илмӣ-амалии байналмилалӣ оид ба муқовимат ба экстремизм
10-уми апрели соли 2023, I-умин конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзӯи «Муаммоҳои актуалии мубориза ба экстремизм ва терроризм» бахшида ба хотираи доктори илмҳои фалсафа, профессор И.Ю. Сундиев дар шакли маҷозӣ (он-лайн), ки ташкилкунандаи он Институти умумироссиягии илмӣ-таҳқиқотии ВКД Россия мебошад, баргузор гардид, ки дар кори он мутахассисони Академияи ВКД низ иштирок намуданд.
Бо сухани ифтитоҳӣ сардори Институт, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, генерал-лейтенанти политсия Кожокар В.В. ва мушовири Роҳбари Кумитаи марказии зиддитеррористии Федератсияи Россия, генерал-лейтенант Илин Е.П. баромад намуданд.
Бояд гуфт, ки Игор Юревич Сундиев - доктори илмҳои фалсафа, профессор, академики Академияи Россиягии илмҳои табиатшиносӣ, президенти Ассотсиятасияи Россиягии криминологӣ, ходими илмии маркази № 2 оид ба таҳқиқоти илмии таъмини оперативӣ-ҷустуҷӯии мубориза бо ҷиноятҳои Институти умумироссиягии илмӣ-таҳқиқотии ВКД Россия буд. Муаллифи даҳҳо китоби илмӣ, монографияҳо, воситаҳои таълимӣ, инчунин мақолаҳои илмӣ ва таҳлилӣ буда, моҳияти ҷиноят ва инъикоси онро дар гурӯҳҳои алоҳидаи иҷтимоӣ баррасӣ намуд. И.Ю. Сундиев, аз ҷумла, зарурати таълими рақамиро бо мақсади таъмини амнияти психологии шахсӣ исбот кард.
Дар конференсияи мазкур мутахассисони соҳаҳои мурофиаи ҷиноятӣ, ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминология ва психологияи ВКД Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Белоруссия, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Озорбойҷон ва кормандони амалии ВКД Россия бо маърӯзаҳо иштирок намуданд. Дар рафти чорабинӣ масъалаҳои гуногуни муқовимат ба экстремизм, моҳияти он, ҷиҳатҳои криминологӣ ва психологӣ, инчунин, истифодаи қувваҳои гуногун дар пешгирии ҳаракатҳои экстремистӣ ва террористӣ баррасӣ карда шудаанд.
Дар он-лайн конференсия профессори кафедраи пешгирии чиноятҳои террористӣ ва таъмини бехатарии чамъиятии факултети № 6 Академияи ВКД, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, полковники милитсия Сафарзода Ҳ.С. бо маърӯза дар мавзӯи «Масъалаҳои муқовимат ба экстремизм дар давлатҳои Осиёи Марказӣ ва самтҳои асосии мустаҳкам намудани ҳамкорӣ дар он» (Проблемы противодействия религиозному экстремизму в странах Центральной Азии и основные направления консолидации усилий в этом направлении) баромад намуд.
Дар охири чорабинӣ иштирокчиён ҳамкории пурсамар ва натиҷабахшро дар оянда таманно намуданд.
Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу-нашр