Лексияи мутахассиони соҳаи мурофиаи ҷиноятӣ дар шакли онлайн
Дар ҷодаи ҳамкориҳои дутарафа ва мувофиқи иҷрои бандҳои дахлдори Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва фаъолияти илмие, ки 26 апрели соли 2018 байни Академияи ВКД ва Донишкадаи ҳуқуқшиносии ВКД Россия дар ш. Барнаул ба имзо расидааст, инчунин тибқи Барномаи кории мақсаднок, 10 апрели соли 2023 дарс дар шакли маҷозӣ (онлайн) барои курсантони курси 4-уми факултети № 2 Академияи ВКД ҶТ дар мавзӯи «Истифодаи натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар исботкунӣ дар парвандаи ҷиноятӣ» (Использование результатов оперативно-розыскной деятельности в доказывании по уголовному делу) баргузор гардид, ки лектори он дотсенти кафедраи мурофиаи ҷиноятии Донишкадаи ҳуқуқшиносии ВКД Россия дар ш. Барнаул, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники политсия Элмира Холиқовна Широва буд.
Лексия дар сатҳи баланд гузашт ва курсантон маълумоти наву шавқовар аз худ намуданд.
Дар охири лексия курсантон ва омӯзгорони кафедраи мурофиаи ҷиноятии факултети № 2 ба лектор оид ба баъзе масъалаҳои истифодаи натиҷаҳои ФОҶ дар рафти мурофиаи ҷиноятӣ савол пешниҳод намуда, ҳамкории пурсамар ва натиҷабахшро дар оянда таманно намуданд.
Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу-нашр