Паёми Пешвои миллат вобаста ба ҷинояткорӣ дар самти терроризм ва экстремизм
Чун ҳамасола Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 23 декабри соли 2022 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» якҷоя бо аъзои Маҷлиси Миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар раванди Паёми худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба масъалаҳои мубрами дохилӣ ва берунии кишвар суханронӣ намуданд.
Дар Паёми навбатии худ Президенти кишвар чунин қайд намуданд, ки ба шарофати заҳмати содиқонаи мардуми кишвар раванди созандагиву ободкорӣ бомаром идома ёфта, нақшаву барномаҳои пешбинигардида ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат ҳадафмандона амалӣ карда шуданд.
Чуноне, ки ба ҳамагон маълум аст, солҳои охир вазъи сиёсиву иқтисодии ҷаҳон хеле мураккаб гардида, ҳоло инсоният дар давраи ниҳоят ҳассос ва душвортарини таърихи қариб сад соли охири худ қарор дорад.
Аз ҷумла, дар панҷ соли охир таъсири манфии бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ, паҳншавии бемориҳои сироятӣ, инчунин, пайомадҳои тағйирёбии иқлим ба иқтисоди кишварҳои ҷаҳон шиддат ёфта, яроқнокшавии бошитоб ва оғози марҳалаи «ҷанги сард» боиси халалдор шудани низоми муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратии байни давлатҳо ва ба вуқӯъ омадани буҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ гардид.
Яке аз масъалаҳои мубраме, ки сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро ба таҳлука меандозад, ин ташкил гардидани ҳар гуна гурӯҳҳои террористию экстремистӣ мебошад, ки диққати асосии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт мебошад, дар Паёми навбатии худ чунин қайд намуданд:
“Имрӯзҳо гурӯҳҳои террористиву эктремистӣ барои даъват ва ҷалб намудани шаҳрвандон ба сафҳои худ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ роҳу усулҳои навро истифода карда, ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳро бо ғояҳои тундгароӣ гумроҳ месозанд”.
Аз ин лиҳоз, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқро зарур аст, ки ҳамоҳангсозии фаъолиятро дар самти ошкор ва пешгирӣ намудани хавфу хатарҳои террористиву экстремистӣ боз ҳам вусъат бахшида бо роҳи тақвият додани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва пешгирикунонии шомилшавии ҷавонон ба равияҳои ифроти гирифта, онҳоро дар руҳияи садоқат ба халқу Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ тарбия намоянд.
Дар робита ба ин ҷиҳати пешгирӣ намудани ҷиноятҳои хусусияти экстремистиву террористидошта ва ҷиноятҳое, ки бо истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ содир карда мешаванд, зарур аст ки Маркази ягонаи иттилоотӣ таъсис дода шавад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Прокуратураи генералӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Вазорати корҳои дохилӣ супориш доданд, ки якҷоя бо дигар вазорату идораҳо масъалаи таъсиси маркази зикршударо омӯхта, пешниҳодҳои худро ба Ҳукумати мамлакат манзур намоянд.
Дар ин раванд Прокурори генералӣ аз тамоюли афзоиши ҷиноятҳои террористию экстремистӣ хабар дод, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи шаш моҳи охир теъдоди террористон ва экстремистон афзоиш ёфтааст. Тавре АМИТ “Ховар” хабар медиҳад дар ин бора Прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ додааст, ки экстремизм ва терроризм хатарҳои асосии ҷаҳони муосир буда, мубориза ба онҳо вазифаи муҳимтарини сохторҳои қудратӣ мебошад.
Дар нимсолаи аввали соли 2022 теъдоди ҷиноятҳои террористӣ ва экстремистӣ ба 720 расида, чунин ҷиноят ошкор ва ба қайд гирифта шудаанд, изҳор дошт Юсуф Раҳмон. Яъне ин нишондод нисбат ба нимсолаи аввали соли 2021 ба 106 ҳолат зиёд мебошад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ раҳмон борҳо аз афзоиши хулқу хӯи ифротгароёна ва террористӣ дар миёни ҷавонон изҳори нигаронӣ карда буданд. Аз ҷумла, моҳи феврали соли 2015 Сарвари давлат изҳор дошта буданд, ки афзоиши экстремизм дар кишвари мо, бахусус миёни ҷавонон нигаронкунанда аст. “Мехоҳам аз афзоиши экстремизм дар кишварамон ва чораҳои нокифояи муассири мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои мубориза ба ин падидаи хатарнок изҳори нигаронӣ намоям”, - қайд карданд Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои амнияти Тоҷикистон 17 феврали соли 2022.
Терроризм ва экстремизми динӣ ба хатарӣ ҷаҳонӣ табдил ёфтаанд. Мо миқёси амалҳои террористӣ ва оқибатҳои даҳшатноки онро ҳамарӯза тавассути телевизион ва дигар расонаҳои интернетӣ мебинем. Барои мубориза бо мушкилоти экстремистӣ мақомотҳои қудратӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамкории зичтар ва муоссирро ба роҳ монда аз шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои мухталифи террористиву экстремистӣ пешгирӣ намоем.
Аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ вобаста ба пешгирии чунин амалҳои зишту нанговар тадбирҳои мушаххас амалӣ мегарданд. Вале, як сохтор ё мақоми давлатӣ наметавонад ба танҳоӣ кулли ҷомеаро тағйир диҳад. Хусусан ҷавонон маърифати созанда дошта бошанд ва на маърифати сӯзанда, бояд ҳар як идораву муассиса, ҳар як фарди дилогоҳу ватандӯст, ҳар кадоми мо даст ба дасти ҳам ниҳем ва дар ҳамбастагӣ онҳоро аз ҷодаи торики гумроҳӣ то шоҳроҳи мунаввари ваҳдат ҳамроҳӣ намоем.
Барои касе пӯшида нест, ки имрӯза дастовардҳои муосири технологӣ дар баробари осон намудани фаъолият дар соҳаҳои гуногуни ҳаёт шароитро барои роҳандозӣ намудани шаклу шеваҳои гуногуни расонидани зиён ба худи инсоният фароҳам сохтаанд.
Хулоса, барои пешгирӣ ва бартараф намудани ҷавонон ба шомилшавии ҳама гуна гурӯҳҳои террористию экстремистӣ ин даъват намудани ҷавонон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҷавонон мактаби ҷавонмардӣ маҳсуб ёфта, дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ, худшиносиву худогоҳӣ тарбия намудани хизматчиёни ҳарбӣ ва барои онҳо муҳайё намудани шароити хуби хизмат, инчунин, риояи талаботи ойинномаҳои ҳарбӣ муҳимтарин самти сиёсати мудофиавии кишвар маҳсуб меёбад.
Вазъи мураккаби ҷаҳони муосир моро водор менамояд, ки ҷиҳати суръат бахшидан ба навсозӣ ва муҷаҳҳазгардонии Қувваҳои Мусаллаҳ, баланд бардоштани омодабошии ҳарбӣ ва тақвияти иқтидори мудофиавии кишвар тадбирҳои зарурии иловагиро амалӣ намоем.
Ҳамаи мо вазифадорем, ки пеш аз ҳама, худ намунаи ибрат бошем, нангу номуси ватандорӣ дошта бошем, мардуми кишварро ба ободу пешрафта гардонидани сарзамини аҷдодӣ ҳидоят кунем, пеши роҳи бегонапарастӣ ва хиёнатро ба манфиатҳои миллат ва давлат гирем, воло будани манфиатҳои миллӣ ва давлатиро пайваста эҳсос карда, ҳамеша ҳушёру зирак ва ватандӯсту меҳанпарвар бошем.
Итминони комил дорем, ки таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Қаҳрамони Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми шарафманди тоҷик дар ободӣ ва шукуфоии Ватани азизамон саҳми арзандаи хешро гузошта, баҳри таҳкими сулҳу Ваҳдати миллӣ ва Истиқлоли комили Ватан хидматҳои шоиста хоҳанд кард.
Абдусатторзода Н.А., муаллими калони кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии факултети № 4, подполковники милитсия
Ҳасанова Ё.М., муаллимаи кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии факултети № 4, лейтенанти милитсия