Иштироки курсантон дар форуми байналмилалии «Рӯзҳои илми ҷавонон»
Дар чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ натанҳо профессорону омӯзгорони Академияи ВКД, балки курсантон низ фаъолона иштирок менамоянд. Аз 3 то 7 апрели соли 2023 дар Донишгоҳи ВКД Россия дар ш. Краснодар, ки Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он аз соли 2017 ҳамкории зич дорад, форуми илмии «Рӯзҳои илми ҷавонон» баргузор гардида, курсантони Академияи ВКД иштирок ва баромад карданд.
Рӯзи 5 апрели соли ҷорӣ курсанти курси 1 факултети № 2 Академияи, милитсионери қаторӣ Ҳоҷаев Маснавӣ Нуруллоевич дар кори мизи мудаввари байналмилалӣ таҳти унвони «Пешгирии ҷалби ҷавонон ба иттиҳодияҳои харобиовар» (Профилактика вовлечения молодежи в деструктивные сообщества) иштирок намуда, дар он бо маъруза дар мавзӯи «Таъсири гурӯҳҳои террористӣ ба тафаккури ҷавонон» (Влияние террористических групп на мышление молодежи) баромад намуд. Роҳбари илмии курсант омӯзгори кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети № 2, майори милитсия Маҳинаи Нуралӣ мебошад.
Дар кори мизи мудаввар инчунин курсантони Донишкадаи ҳуқуқшиносии ВКД Ҷумҳурии Белоруссия дар ш. Могилёв, Академияи ВКД Ҷумҳурии Қазоқистон дар ш. Караганда, муассисаҳои таълимии системаи ВКД Россия иштирок намуданд. Дар рафти мизи мудаввар масъалаҳои гуногуни пешгирӣ намудани рафтори номатлуби ҷавонон, омилҳои муҳити интернет, ки ба паҳншавии каҷрафторӣ дар байни ҷавонон мусоидат менамояд, имкониятҳои тарбиявии арзишҳои маънавию ахлоқӣ дар ташаккули ҳисси ватандӯстӣ дар байни ҷавонон дида баромада шуданд.
Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашр