Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳифзи арзишҳои миллӣ дар шароити таҳдиду хатарҳои муосир

893

Бо мақсади аз худ намудани мактаби давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ифтихори миллӣ, садоқат ба касбу Савганд ва муқовимат бо терроризму ифротгароӣ аз ҷониби Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашр мизи мудаввар ташкил ва баргузор карда шуд.

899

Дар чорабинии мазкур роҳбарият, ҳайати профессорону омӯзгорон ва шунавандагону курсантони Академияи номбурда ҷалб гардида буданд.
Мизи мудаввар бо сухани ифтитоҳии муовини аввали сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники милитсия Насуриён П.А. оғоз гардид. Номбурда аз суханҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуд. Сипас, иштирокчиёни чорабинӣ-курсантони Академия дар мавзуъҳои гуногун баромад намуда, чунин масъалаҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд:

900
1. Нақши шоҳасари «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров дар баланд бардоштани худшиносиву худогоҳӣ ва шинохти арзишҳои миллӣ;
2. Худшиносии миллӣ - омили таконбахши ватандӯстии ҷавонон;
3. Талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли қазияи Афғонистон;
4. Рамзҳои сиёсӣ ва мақоми онҳо дар раванди бунёди давлатдории миллӣ;
5. Мақом ва манзалати парчам дар таърих ва тамаддуни тоҷикон;
6. Ташаккули идеяи миллӣ ва ҳувияти миллӣ дар шароити Истиқлоли давлатӣ;
7. Интернет ва хатарҳои он дар ташаккулёбии тафаккури экстремистии динӣ-мазҳабӣ;
8. Таълимоти ғайриқонунии динӣ ҳамчун омили гаравиши ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистӣ;
9. Омӯзиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон», №1920 аз 24.12.2022;
10. Иҷлосияи 16 –уми Шурои Олӣ ва нақши он дар бунёди давлатдории миллӣ;
11. Ислоҳоти милитсия - тақозои замон;
12. Нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини суботи сиёсӣ ва таҳкими тартиботи ҷамъиятӣ;
13. Муҳоҷирати меҳнатӣ ҳамчун омили гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ-террористӣ;
14. Ҳадафҳои стратегии давлат – таъмингари амнияти иқтисодии кишвар;
15. Забони миллӣ - муҳимтарин рамз ва рукни истиқлоли сиёсӣ;
16. Асосҳои ирфонӣ-адабӣ ва фарҳангӣ-динии муқовимат ба экстремизм ва терроризм;
17. «Шоҳнома»-и А.Фирдавсӣ - қомуси ватандории миллӣ.

901
Ҳар як иштирокчии чорабинӣ доир ба маърӯзаи хеш пешниҳодҳои худро иброз намуданд. Дар фарҷоми чорабинӣ сардори ШТИ ва ТН Академия, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, майори милитсия Заробидинзода С.З. иброз намуд, ки бо назардошти зудтағйирёбандаи вазъи муосир ба мо – кормандони милитсия зарур аст, ки ҳушёриву зиракии сиёсиро ҳаргиз аз даст надиҳем ва донишу малакаи касбии худро пайваста баланд бардошта, барои рафъи ҳолатҳои фавқулодаву ғайричашмдошт ҳамеша омода бошем. Умедворам, ки ин чорабинӣ ба ҳамагон аз нуқтаи назари илмӣ ва аз ҷиҳати маънавӣ самарабахш ва фоиданок буд. Воқеан, ақида ва пешниҳодҳои баромадкунандагон вобаста ба проблемаҳои мавҷуда саривақтӣ ва аҳамиятнок мебошанд.

Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашр

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...