Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рӯзи «Дарҳои боз» дар Китобхонаи миллӣ

896

Дар асоси дар амал тадбиқ намудани сиёсати фарҳангии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастуру супоришҳои роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ оид ба боз ҳам баланд бардоштани маданияти суханварӣ ва дархости Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ» бо ташаббуси Шӯрои кураторони Академияи ВКД таҳти сарварии Раиси Шӯрои кураторони Академия подполковники милитсия Самеъзода Бахтиёр Салим бо 320-нафар курсантон ва 13-нафар сарпарастони гурӯҳҳои таълимӣ рӯзҳои 30-31-уми марти соли 2023 дар маросими Рӯзи «Дарҳои боз»-и Китобхонаи миллӣ фаъолона ширкат намуданд.

897

Номбурдагон аз 3-толори намоишгоҳҳои китоб: Осорхонаи китоб, Китобҳои давраи Истиқлол, Китобҳои нав аз наздик шинос шуданд. Китобхонаи миллӣ дорои 25-толор,10-миллион нусхаи китоб, 36-шуъба ва марказҳо буда, яке аз калонтарин китобхонаҳои Осиёи Марказӣ маҳсуб меёбад. Ҳамчунин китобхона бо тачҳизоти муосири технологӣ, воситаҳои электронӣ ва толори Интернет муҷҷаҳаз мебошад. Курсантони Академия бо тамоми ҷабҳаҳои фаъолияти Китобхонаи миллӣ аз наздик шинос шуда, ҳамчунин ҳамаи онҳо аъзои доимии китобхонаи мазкур мебошанд.

898
Бояд тазаккур дод, ки шахсан сардори Академияи ВКД, д.и.ҳ., дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ барои баланд бардоштани маънавиёти курсантону омӯзгорон дар ташкили чунин чорабиниҳои фарҳангӣ пайваста саҳмгузор буда, тадбирҳои тарбиявӣ ва илмӣ-фарҳангӣ меандешад.
Асламов Б.С., Убайдуллоев Ш.Э.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...