Хатми курсҳои кӯтоҳмуддати кормандони самти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Академияи ВКД
Яке аз соҳаҳои мустақили илми кишвар, соҳаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии ватанӣ мебошад, ки маҳз дар замони Истиқлоли давлатӣ ба асосҳои бунёдии он заминаҳои воқеӣ гузошта шуда, аз доираи соҳаи фаъолияти амалӣ ба бахши муҳими илм мубаддал гардидааст.
Дар фаъолияти ҳамарӯзаи кормандони раёсату шуъба ва шуъбачаҳои дахдлори ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон самти мазкур калидӣ буда, муҳиммияти он рӯз ба рӯз боло рафта истодааст. Дар ин ҷода нақши бевоситаи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, д.и.ҳ., профессор, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва муовини аввали Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо мақоми шоиста дорад.
Маҳз, муҳиммият ва мубрамияти масъала гузаронидани чорабиниҳои зиёдеро пайваста тақозо дорад. Ва ҳамин аст, ки тӯли се-чор соли охир дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон курсҳои кӯтоҳмуддат, мулоқотҳо, вохӯриҳои сатҳи гуногун, конфронсу семинар ва маҷлисҳои алоҳида бо кормандони самти фаъолияти оперативӣ мунтазам доир мегарданд, ки дар маҷмуъ барои такмилу такомул додани савияи дониш ва малакаву маҳорати кормандони оперативӣ ва роҳбарони ин самт дар доираи масъалаҳои танзим ва ҳамкории воҳидҳои оперативии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷодаи пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, мусоидат кардааст.
Дар раванди гузаронидани машғулиятҳо дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо омӯзгорони кафедраҳои «Ташкили тактикаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯйӣ», «Пешгирии ҷиноятҳои террористӣ ва таъмини бехатарии ҷамъиятӣ», инчунин мутахассисони таҷрибадори раёсатҳои дахлдори ВКД саҳми калон мегузоранд.
Мутобиқи нақшаҳои таълимие, ки аз ҷониби Вазири корҳои дохилӣ ба тасвиб расидаанд дар ин муддат бо лексияҳои пурмазмун ва сӯҳбатҳо дар ин машғулиятҳо олимони соҳа ва мутахассисон дар мавзӯъҳои гуногун ва мубрами рӯз баромадҳо карда, таваҷҷӯҳи шунавандагонро ба баъзе масъалаҳои ҳалталаби соҳа ҷалб сохтаанд ва барои дар оянда мукаммалсозии қонунгузории фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷуӣ пешниҳод ва тавсияҳои ҷолибро иброз намуданд.
Дар ин муддат хусусан олимон ва мутахассисони соҳа: Раҳимзода Р. Ҳ., Аламшозода А.А., Шарифзода Ф.Р., Аҳтамшозода С.А., Амруддинзода М.А., Абдулло А.Р., Ҳайдарзода З.П., Қосимов Ф.М., Сафарзода Ҳ.С., Сатторзода Б.Б., Шамсуллозода А., Шарифзода У.Ш., Маъруфиён Б.М., Баротзода С., дар миёни шунавандагон таассуроти хуб ба ёдгор гузоштанд.
Ҳамзамон, бояд ёдовар шуд, ки дар асоси фармоиши Вазири корҳои дохилӣ, инчунин кормандони таҷрибадори соҳа низ ҷалб карда шудаанд: Солиев К.Ҳ., Бухоризода М.Ғ., Маҳмадализода Ф., Ҳасанзода Н.Э., Назарзода Б.Б., Маҳмадзиёев Ф.О., Раҷабзода Ҳ.П., Қурбонзода Т., Шарифзода Т.И., Ҳабибуллоев С.С., Назриев Ш.Ҷ., Қаландарзода С.Н. ва дигарон дар ин курсҳо донишҳои назариявӣ ва амалиро ёдрас намуда ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани таҷрибаи амалии кормандон ва масъулони соҳа заҳмати зиёд мекашанд.
Маҳз, дар ин машғулиятҳо мушкилиҳои зиёд, аз нигоҳи касбӣ, таҳлилӣ ва тадқиқӣ мавриди баён гашта роҳи ҳалли хешро меёбанд.
Аз 4-ум то 23-юми марти соли 2023 дар заминаи факултети Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии Академияи ВКД барои аз худ намудани барномаи такмили ихтисос дар самти мазкур як зумра кормандони самти оперативӣ ҷалб карда шуданд, ки дар маҷмуъ курсҳои кӯтоҳмуддат барояшон бомуваффақият ба анҷом расид.
Баъди ҷамъбасти он дар ҳузури муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти милитсия Аламшозода А.А., як қатор кормандон барои нишон додани дониши хубу аъло бо Ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.