«Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон»
29-уми марти соли 2023, дар синфхонаи 116 факултети №1, Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон», баргузор гардид.
Чорабинии мазкур мувофиқи дастур ва супориши сардори Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, д.и.ҳ., дотсент, генерал-майори милитсия муҳтарам Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ дар заминаи иҷрои нақша-чорабиниҳои муқарраргаштаи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, д.и.ҳ., профессор, генерал-полковники милитсия муҳтарам Раҳимзода Рамазон гузаронида шуд.
Мақсади баргузории чорабинӣ ин такмили маърифати сиёсии шунавандагони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳми арзанда гузоштани онҳо дар татбиқи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиб ва пешниҳоди маърӯзаҳо (рефератҳо) дар мавзӯи “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон” таҳти роҳбарии олимони соҳа муқаррар шудааст.
Мутобиқи барномаи чорабинии вобаста ба ҷаласаи пленарӣ, сухани ифтитоҳиро сардори Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, д.и.ҳ., дотсент, генерал-майори милитсия, Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ ҳусни оғоз бахшида, тамоми меҳмонон, устодон ва иштирокчиёни чорабинии илмӣ назариявиро хайрамақдам гуфт.
Мавсуф дар давоми суханронӣ қайд кард, ки Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи иҷрои дастуру супоришҳо ва нақша-чорабиниҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои гуногуни илмӣ-таълимӣ ва тарбиявиро дар заминаи ҳадафҳои стратегии давлати соҳибистиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ намуда истодааст. Ҳадафҳои сиёсию давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо як суръати баланд мавриди иҷро қарор гирифтаанд, ки ин ҳам бошад дар заминаи таҳкими сиёсати давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба амал бароварда шуда истодаанд.
Мактаби давлатдории Пешвои муаззами миллат барои мо тамоми табақаҳои ҷомеи шаҳрвандӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва бахуссус шунавандагони факултети №1, ки дар заминаи ихтисоси идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ тайёр карда мешаванд, бояд мавриди ибрат ва омӯзиши амиқ қарор гирифта шавад.
Чорабинии мазкур, ки имрӯз дар мавзӯи «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон», аз ҷониби факултети №1, Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, барои такмили маърифати баланди сиёсии шунавандгони Академия саҳми назарраси таълимӣ ва ҳам илмиро мерасонад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои давлати муосири тоҷикон нақши бунёдгузориро эҳдо намуда, хизматҳои наҷотдиҳанда ва созандаи ӯ дар соҳаи сиёсати давлатӣ, тарҳрезии низоми ҳуқуқӣ, шаклгирии иқтисодиёти миллӣ, таҳияи низоми адолати иҷтимоӣ, ҳифз ва рушди фарҳанги пурғановат ва дигар ҷанбаҳо ҳамчун як намунаи мактаби навини давлатдорӣ дар тамоми ҷаҳон муаррифӣ гардидааст.
Инчунин баромадҳо доир ба мавзӯи мазкур аз ҷониби муовини сардори Академия оид ба илм, д.и.ҳ., подполковники милитсия, Раҳмадҷонзода Рифат Раҳмадҷон, сардори факултети №1. н.и.ҳ., дотсент, полковники милитсия Саидзода Зикрулло Алӣ, сардори кафедраи назарияи идоракунии фаъолияти ҳифзи ҳуқуқи факултети №1. н.и.ҳ., майори милитсия Рустамзода Алишер Қосим ва маърӯзаи муаллими калони кафедраи назарияи идоракунии фаъолияти ҳифзи ҳуқуқи факултети №1., н.и.и., дотсент Нидоев Парвиз Фозилович дар мавзӯи «Мактаби сулҳпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар аҳкоми сиёсати давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон» шунида шуд.
Дар охири ҷаласаи пленарӣ маърӯзаҳои шунавандагони курси 1-уми ихтисоси 1–260172 “Идоракунии давлатӣ ва маҳалӣ”, таҳсили рӯзона бо забони тоҷикӣ, Зикруллозода Қ. дар мавзӯи «Нақши Пешвои миллат дар таҳкими иқтисодиёти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Нурализода Г. дар мавзӯи «Сиёсати иҷтимоӣ - самти афзалиятноки сиёсати давлат» ва Абдуллозода Ш. дар мавзӯи «Пешвои миллат тарроҳи ҳадафҳои ояндасози миллӣ» мавриди ироа қарор дода шуданд.
Давоми чорабинии мазкур тибқи барнома дар ду бахш дар радифи бахши якум барои шунавандагони курси якум ва бахши дуюм барои шунавандагони курси дуюм бо иштироки садорати факултет ва устодони кафедраҳои факулети №1 гузаронида шуда дар он боқимонда маърӯзаҳои (рефератҳо) шунавандагон дар мавзӯи «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон»шунид шуданд.
Барои натиҷабахш ва мукаммал гардидани сифати иҷрои маърӯзаҳои мазкур сардори кафедраи назарияи идоракунии фаъолияти ҳифзи ҳуқуқи факултети №1.н.и.ҳ., майори милитсия Рустамзода Алишер Қосим ва муаллими калони кафедраи мазкур, н.и.и., дотсент Нидоев Парвиз Фозилович роҳбари илмии шунавандагон, аз тарафи садорати факултети №1 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуданд. Роҳбарони илмии шунавандагон қаблан мавзӯъҳои муқарраргардидаи раёсати илмиро бобати мавзӯи “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон” барои шиносоӣ ва интихоб намудани онҳо ба шунавандагони шуъбаи рӯзонаи факултет расонида, иҷрои онҳоро тибқи низомномаи сифати таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монданд.