Вохӯрии судманд бо донишҷӯёни Коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон
Бо мақсади иҷрои талаботи Нақша-чорабинии ВКД оид ба сафарбар ва вобаста намудани сардорон ва муовинони сардорони раёсатҳои дастгоҳи марказӣ ва ҷузъу томҳои ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии кишвар, 29 марти соли 2023, сардори факултети №5 Академияи ВКД, майори милитсия Нуруллозода Меҳрулло ва дотсенти кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии факултети №2 Академияи ВКД, подполковники милитсия Нуриддинзода Суфӣ Нуриддин ба Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҷиҳати гузаронидани вохӯрӣ бо донишҷуёни ин муассиса сафарбар гардиданд.
Зимни вохӯрӣ майори милитсия Нуруллозода Меҳрулло қайд кард, ки устодон, омӯзгорон ва волидон бояд дар ҳамкорию ҳамбастагӣ амал намуда, ба таълиму тарбияи насли имрӯз диққати махсус диҳанд. Зеро волидайн барои таълиму тарбияи фарзандон тибқи қонунгузорӣ масъул мебошанд. Бинобар ин, бояд падару модар дар тарбия ва парастиши фарзандон ҷиддӣ рафтор намуда, пеши роҳи ҳар кирдору амали номатлубро аз ҷониби онҳо сари вақт бартараф намоянд.
Баъдан қайд карда шуд, ки дар партави сиёсати созандаю хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар саросари кишвар даҳҳо мактабу муассисаҳои таълимии муосир бо тамоми таҷҳизоти замонавӣ бунёд ва ба истифода дода шуданд. Боз сохтмони чандин муассисаҳои таълимӣ идома дошта, ҳамаи ин ғамхорию таваҷҷӯҳи Роҳбари давлат барои наврасону ҷавонон равона гардидааст. Ҳамзамон аз ҷониби Пешвои миллат озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи донои китоб аст», «Илм-фурӯғи маърифат» ва «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» баргузор гардида истодааст, ки моро водор месозад ҷиҳати иштирок дар ин озмунҳо кушиш ба харҷ диҳем.
Дар давом қайд карда шуд, ки агар ҷавонони мо ба мутолиаи китоб машғул гарданд, аз панду андарзи бузургон огоҳ бошанд, ба амалҳои номатлуб даст намезананд. Ҳар як амалу кирдоре, ки аз ҷониби наврасону ҷавонон содир мегардад, ҷавобгарӣ дошта, таъсири манфии худро дар ҳаёти ояндаи онҳо мегузорад. Аз таҳлилҳо бар меояд, ки бархе наврасону ҷавонон аз мадди назари волидайн дур монда, вақти худро дар беҳудагардӣ, марказҳои дилхушӣ, нуқтаҳои букмекерӣ ва интернет-кафеҳо гузаронида, ба бозиҳои хусусияти зӯроваридошта машғул шуда, даст ба ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷиноят мезананд. Дар ин ҷода нисбати падару модароне, ки дар таълиму тарбияи фарзанди худ бемасъулиятӣ зоҳир менамоянд, мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» чораҳои дахлдор андешида мешавад.
Ҳамзамон қайд карда шуд, ки 24 декабри соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» имзо гузоштанд. Қонуни мазкур барои тарбияи шаҳрвандон дар роҳи хизмати софдилонаву фидокорона ба Ватан, ифтихор аз ниёгон, арҷгузорӣ ба рамзҳои миллӣ ва ҷаҳду талошҳо баҳри фардои боз ҳам ободу дурахшони кишвар ва некуаҳволии рӯзафзуни халқ таҳия ва қабул шудааст.
Сипас, дотсенти кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии факултети №2 Академияи ВКД, подполковники милитсия Нуриддинзода Суфӣ Нуриддин вобаста ба омӯзиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯзаи хешро ба ҳозирин ироа намуд. Номбурда қайд кард, ки мақсади қонуни мазкур аз ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон, мусоидат барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ, ки ба манфиатҳои иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамоянд, иборат аст. Қонун ҳамчунин барои таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва тартиботи ҷамъиятӣ равона карда шудааст. Вазифаи қонуни мазкур танзими анъана ва ҷашну маросим дар асоси дастовардҳои фарҳанги миллӣ ва тамаддуни ҷаҳонӣ мебошад. Амали қонуни мазкур ба мақомоти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳо, сарфи назар аз тобеияти идоравӣ ва шакли моликият, ҳамчунин ҳамаи шахсони воқеӣ, новобаста ба вазъи иҷтимоӣ ва мансубияти миллиашон, сурат мегирад.
Дар умум вохӯрии мазкур дар сатҳи баланди касбӣ ва мутобиқ ба Нақша-чорабинии болозикр баргузор гардид.