Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздиди кураторон ва курсантони Академияи ВКД аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон

886

Осорхонаи миллии Тоҷикистон таърихи зиндаи чандинасраи халқу миллати соҳибтамаддуни тоҷик ба ҳисоб рафта, ба сифати воситаи муҳимтарини тарбиявӣ ва ҳадафи рушди тафаккури таърихии ҳар як шаҳрванд баромад менамояд. Огаҳӣ ёфтан аз дастовардҳои фарҳангӣ-таърихии миллат ба ҳисси меҳанпарастӣ ва ватандӯстии ҳар як шахс мусоидат намуда, инсонро дар руҳияи эҳтиром ба таърихи аҷдодии хеш тарбия менамояд.

885

Дар иртибот ба ин масъала, дар доираи Нақша-чорабиниҳои Шӯрои кураторони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон 28-уми марти соли 2023 курсантони курси 2-юми гурӯҳи таълимии 202 зери сарпарастии подполковники милитсия Нуриддинзода С.Н., курсантони курси 3-юми гурӯҳи таълимии 301 зери сарпарастии подполковники милитсия Раҳимзода Д.М. ва курсантони курси 4-уми гурӯҳи таълимии 410 зери сарпарастии полковники милитсия Шарифзода В. аз Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллии Тоҷикистон» дидан намуданд.
Омӯзгорон ва курсантон зимни тамошои толорҳои осорхона бо таъриху фарҳанг, расму анъана ва суннатҳои мили тоҷикон шиносоии бештар пайдо карда, донишу маърифати худро дар самти худшиносию худогоҳии миллӣ ва ифтихори ватандорӣ ғанитар гардониданд.
Зимни боздид аз Осорхонаи миллӣ диққати ҳайати афсарону курсантонро толори махсуси туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бозёфтҳои қадима аз «Тахти сангин», «Саразм», «Ҳулбук» ва дигар маконҳои таърихии халқи тоҷик, ки зимни кашфиётҳои бостоншиносӣ пайдо гардида, аз таъриху тамаддуни қадимаи миллати тоҷик гувоҳӣ медиҳанд, ба худ ҷалб намуд.
Ҳайати тамошобинон ба роҳбарияти Академияи ВКД ҷиҳати мусоидат намудан барои боздид аз осорхона ва ба масъулини осорхона ҷиҳати роҳнамоии сатҳи баланди шиносоӣ ба бозёфту кашфиётҳои таърихӣ миннатдории хешро изҳор менамояд.
Нуриддинзода С.Н., куратори гурӯҳи таълимии 202, факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...