Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мудаввари илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Проблемаи зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зарари он ба ҷомеа»

776

17-уми марти соли 2023, тибқи банди 3 Нақшаи фаъолияти илмӣ-тадқиқотии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023 ва мавзӯи илмӣ-тадқиқотӣ таҳти унвони «Такмили фаъолияти маъмурӣ-ҳуқуқӣ ва ҷиноятӣ-ҳуқуқии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пешгирии зӯроварӣ дар оила», ки аз ҷониби буҷети давлатӣ дар солҳои 2023-2027 маблағгузорӣ карда мешавад, дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввари илмӣ-амалӣ бахшида ба 10-солагии рӯзи қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» дар мавзӯи «Проблемаи зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зарари он ба ҷомеа» баргузор гардид.
Дар мизи мудаввари мазкур устодони Академияи ВКД Саидзода З.А., сардори факултети №1, н.и.ҳ., дотсент, полковники милитсия, Муҳаммадиев И.С., сардори кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва мурофиавии факултети №4, д.и.ҳ., полковники милитсия, Абдурашидзода А.А., котиби Шӯрои олимони Академия, н.и.ҳ., дотсент, полковники милитсия, Хайруллоев Ф.С., н.и.ҳ., ҳамкор-дотсенти кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети №2, Муҳаммад С.А., сардори кафедраи фанҳои ҷамъиятии факултети №2, н.и.с., дотсент, подполковники милитсия, Арипов А.Л., сардори кафедраи мурофиаи ҷиноятии факултети №2, н.и.ҳ., Абдулаҳадзода А.А., сардори кафедраи фанҳои граждании факултети №2, подполковники милитсия Шарифзода С.Ш., муовини сардори факултети №2, н.и.ҳ., Тоҳирӣ М., н.и.ф., сардори кафедраи фанҳои ҷамъиятии факултети №4, подполковники милитсия, Хайдарзода М.П., дотсенти кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии факултети №2, н.и.ҳ., майори милитсия Заробидинзода С.З., сардори ШТИ ва ТН Академия, н.и.ҳ., майори милитсия ва муовини сардори шуъбаи адъюнктура, подполковники милитсия Валиёр Н.А. иштирок карданд.

777
Олимони зикршуда бо маърӯзаҳои илмӣ дар мавзуъҳои «Назари ҳуқуқи исломӣ ба проблемаи зӯроварӣ дар оила ва пешгирии он», «Вазъи тафтишоти ҷиноятҳои марбути зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Десять основных причин насилия в семье», «Новые проблемы определения насилия в семье и квалификации статьи 93.1 КоАП РТ», «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», «К вопросу о методике расследования преступлений связанных с насилием в семье», «Мафҳуми зӯроварӣ дар ҳуқуқи ҷиноятӣ», «Административно-правовой статус сотрудника ОВД РТ по предупреждению насилия в семье», «Қолабҳои гендерӣ ва ҷойи онҳо дар фарҳанги тоҷик: таҳлили ҳуқуқӣ ва сотсиологӣ”, “Баъзе андешаҳо перомуни зӯроварӣ дар оила: ҷанбаҳои ҳуқуқӣ ва ҷавобгарӣ”, “Аҳамияти гендерии фаъолияти МКД дар пешгирии зӯроварӣ дар оила» баромад намуданд.
Қобили қайд аст, ки бо мақсади пурзӯр намудани механизми мубориза бо ҷинояткорӣ, бахусус омилҳои зӯроварӣ дар оила 19 марти соли 2013 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» қабул гардид. Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба пешгирии зӯроварӣ дар оила танзим намуда, вазифаи субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оиларо доир ба ошкор, пешгирӣ ва бартарафсозии сабабу шароитҳои ба он мусоидаткунандаро муайян менамояд.
Валиёр Н.А., муовини сардори шуъбаи адъюнктураи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...