Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози корҳои созандагию бунёдкорӣ дар вилояти Суғд

72

24-уми марти соли 2023 дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни байналмилалии Наврӯз бо иштироки Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба корҳои сохтмонии бинои иловагии таълимӣ дар Факултети №4 Академияи ВКД оғоз бахшида шуд.
Бинои иншоот дар масоҳати умумии 4 300 м2 аз таҳхона ва шаш ошёна иборат ва дар он тамоми инфрасохтори зарӯрӣ ба нақша гирифта шудааст.73
Аз ҷумла, бинои таълимӣ аз 17 синфхонаи фанниву таълимӣ, толори маҷлисӣ бо 500 ҷойи нишаст, ҳуҷраҳои кории муаллимон, ошхона бо ғунҷоиши 220 нафар дар як вақт ва хобгоҳ барои 200 нафар иборат хоҳад буд. Ҳамчунин дар саҳни бино, бунёди майдони сафороӣ, майдончаи варзишӣ, ҳавзи шиноварӣ, нуқтаи гармидиҳӣ, амборхона ва дигар иншооти ёрирасон ба нақша гирифта шудааст.
Зимни суханронӣ Вазири корҳои дохилӣ ва Раиси вилояти Суғд таъкид карданд, ки ҳамасола аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, шароити корӣ беҳтар шуда истодааст.
Ҳамзамон бо иштироки Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Р.Ҳ. ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой А. ба бунёди бинои Шуъбаи тиббии Раёсати ВКД дар вилояти Суғд санги асос гузошта шуд. Иншооти мазкур бо қисмати таҳхона ва баландии панҷ ошёна қомат хоҳад афрохт.
74Тибқи лоиҳа дар иншооти мазкур ҳуҷраҳои муоина, ташхису табобат ва утоқҳои корӣ дорои тамоми шароити замонавӣ ташкил хоҳад шуд, ки метавонад дар баробари ҳифз ва барқарор намудани саломатии кормандон, ҳамчунин ба аҳолӣ хизматрасонӣ намояд.
Дар хотима, Вазири корҳои дохилӣ ба ҳайати шахсӣ барои софдилона ва содиқона иҷро намудани рисолати касбӣ як қатор дастуру супоришҳо дод.
Ҳамчунин аз ҷониби Раҷаббой Аҳмадзода ба кормандони шуъбачаи бозрасии давлатии автомобилии ШВКД дар шаҳри Хуҷанд, 1-адад нақлиёти хизматӣ тақдим гардид, то ин ки дар самти таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ истифода шуда сифати хизматрасонӣ беҳтар карда шавад.
Акбар Шарифӣ, майори милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...