КОРИ ХАЙР ДАР АРАФАИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ
Наврӯз дар миёни аҳли башар ягона ҷашнест, ки оину суннатҳои зиндагисози он аз гузаштаҳои ниҳоят дури таърихӣ то ба имрӯз боқӣ монда, эътибору манзалати худро ҳифз намудааст, ки онро миллату халқҳои дигар ҳамчун дастоварди беназири фарҳанги ориён пазируфта, бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил менамоянд.
Дар ин росто, бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз, 20 марти соли 2023, аз номи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ ба зиёда аз 40 нафар курсантоне, ки аз падару модар ятим мондаанд ва курсантоне, ки волидайни онҳо зимни иҷрои вазифаҳои хизматии худ дар ВКД ба ҳалокат расидаанд, туҳфаҳои хотиравии таълимӣ тақдим карда шуд.
Пеш аз супоридани туҳфаҳо, сардори Академияи ВКД аз курсантони болозикр даъват ба амал овард, ки бо баҳои хубу аъло таҳсил намоед ва номбардори ватану миллат бошед.
Ҳамзамон, аз доштани интизоми намунавӣ ва содиқ будан ба касби хеш таъкид кард.
Бо ин тартиб ба 25 нафар собиқадори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумаки яквақтаинаи ғизоӣ, дар намуди орду равған расонида шуд.
Бояд қайд намуд, ки зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамасола дар арафаи иду ҷашнҳои миллӣ, Академияи ВКД дасти кумаки худро ба ятимону бепарасторон ва собиқадорони ВКД дароз менамояд.
Раҷабалиён Абдулҳаким