Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамкории байналмилалии Академияи ВКД дар раванди таълим

774

Дар ҷодаи ҳамкориҳои дутарафа ва мувофиқи мувофиқи иҷроиши бандҳои дахлдори Барномаи кории мақсаднок барои соли 2023, ки дар моҳи январи соли 2023 байни Академияи ВКД ва Донишкадаи ҳуқуқшиносии ВКД Россия дар ш. Барнаул тасдиқ шуда буд, санаи 18 марти соли ҷорӣ аз тарафи мутахассисони Академияи ВКД лексия дар шакли маҷозӣ барои курсантони курсҳои 2 ва 3 донишкадаи мазкур бо истифода аз платформаи интернетии «BigBlueButton» баргузор гардид.

775

Лексияро аз фанни ҳуқуқи инсон дар мавзӯи «Ташаккул ва рушди ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» сардори факултети № 2 Академияи ВКД, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, подполковники милитсия А.М. Мансурзода пешниҳод карда буд.
Лексия 80 дақиқа давом дошта, аз саволҳои зерин иборат буд:
1. Ҳуқуқи инсон то барқарор шудани ҳокимияти шӯравӣ дар Точикистон (охири асри 18, ибтидои асри 20).
2. Рушди ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистони шӯравӣ (октябри с.1917–1991)
3.Ташаккули Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди танзими қонунгузории ҳуқуқи инсон (солҳои 1991–2023).
Баъд аз анҷоми лексия аз тарафи курсантон ба лектор оид ба таҷрибаи ватанӣ ҷиҳати таъмин намудани ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон саволҳо пешниҳод шуда буданд.
Дар охири лекися иштирокчиён ҳамкории пурсамар ва натиҷабахшро дар оянда таманно намуданд.
Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу-нашр

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...