Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конференсияи илмӣ-назариявии сатҳи ҷумҳуриявӣ бахшида ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»

770

Мусаллам аст, ки дар даҳсолаҳои охир инсоният ба таҳдидҳои муосири ҷаҳонӣ дучор гардид: инҳо тағйирёбии иқлими сайёра ва бар асари он зиёдшавии фалокатҳои табиӣ, обхезӣ, яхчу тармафароӣ, обшавии пиряхҳо, проблемаҳо оид ба таъминоти об бинобар зиёдшавии босуръати аҳолӣ, хурӯҷи бемориҳои сирояткунанда ва ғайра мебошанд.

771

Дар робита ба оқибатҳои вазнини идомаи ин раванд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Панели сатҳи баланд вобаста ба масъалаҳои об ва иқлим пешниҳод намуда буданд, ки соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон гардида, санаи мушаххаси «Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо» муқаррар карда шавад. Пешниҳоди дигари ҷониби Тоҷикистон таъсис додани Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо буд.

773
Ҳамин тариқ, зимни омӯзишу таҳлили ҳамаҷонибаи пешниҳоди Президенти давлати мо, боиси хушнудист, ки 14-уми декабри соли равон, Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид дар Иҷлосияи 77-уми худ бо ҷонибдории 153 кишвари аъзои ин созмони бонуфуз қатъномаи «Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро эълон намуд. Иқдоми наҷиби саривақтии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи байналмилалӣ гарму ҷӯшон дастгирӣ ёфт.
Вобаста ба ин, дар Академияи ВКД ҶТ, рӯзи 17 марти соли 2023 конференсияи илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Ҳифзи пиряҳҳо ва мавқеи мушкилоти глобалии вобаста ба об дар ҷаҳони муосир» бахшида ба эълон гардидани соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряҳҳо» ва қабул гардидани қарор оид ба эълон намудани 21-уми март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряҳҳо» баргузор гардид.

772
Дар аввали конференсия ба сухани ифтитоҳӣ муовини аввали сардори Академияи ВКД, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники милитсия Насуриён П.А. баромад намуда, чунин гуфт, ки мутаассифона, имрӯзҳо босуръат об шудани пиряхҳо дар Арктика, Антарктида ва Гренландия ба мушоҳида мерасанд ва ҳамзамон, тағйироти ҷиддӣ дар пиряхҳои дар хушкӣ қарордошта низ ба амал омада истодаанд. Пешвои миллат вобаста ба вазъи имрӯзаи пиряхҳои Тоҷикистон андешаронӣ карда, таъкид дошта буданд, ки чунин вазъияти нигаронкунанда дар пиряхҳои Помири Тоҷикистон низ тӯли чанд соли охир баръало мушоҳида мешаванд.
Дар баромади пурмуҳтавои сатҳи баланд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон захираи пиряхҳоро манбаи асосии оби нӯшокӣ баён намуда, омили асосии тағйирёбии иқлимро дар обшавии босуръати пиряхҳо дар натиҷаи гармшавии глобалӣ маънидод карда буданд. Ҳамчунин, зикр намуда буданд, ки обшавии босуръати пиряхҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки аз афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои манфӣ оварда расонад.
Дар рафти конференсияи Азизӣ А.А. – муовини аввали раиси ҲХДТ, Мирзозода И.Х. – Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ ш. Душанбе, Каримзода Нилуфар – Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар н. Шоҳмансури ш. Душанбе бо суханҳои ифтитоҳӣ, инчунин Асоев Ҳ. – ходими калони илмии лабораторияи сифати об ва экологияи Институти масъалаҳоии об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо баромад дар мавзуи «Меҳвари иқтисодиётро дар шароити ҳозира, равандҳои тағйирёбии иқлим ва обшавии пиряҳҳо ташкил медиҳанд?», Камолзода Ҷ.Ҷ. – сардори Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои техникӣ, генерал-майор дар мавзуи «Тағйирёбии иқлим ва офтаҳои табиии воабста ба он дар Тоҷикистон», Саломзода М.М. – директори Корхонаи воҳиди давлатии «Пажуҳишгоҳи илмию тадқиқотии «Сохтмон ва меъморӣ»-ии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Минтақаҳои аз ҷиҳати заминларза ва риояи меъёрҳои муқарраршуда ҳангоми сохтмони бинову иншоотҳо» ва дигарон баромад намуданд.

Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашр

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...