Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ дар Академияи ВКД

13

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ, аз ҷумла чунин зикр намуданд:
«Бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин, ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ пешниҳод менамоям, ки соли 2018 дар кишвар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шавад».
Ҳамин аст, ки чун дар дигар мақомоту идораҳо дар Вазорати корҳои дохилӣ ва ҷузъу томҳои он низ, ба ин муносибат чорабиниҳои гуногун ташкилу гузаронида мешаванд.

14

Аз ҷумла, дар чорабинии бошукӯҳе, ки рӯзи 27-уми феврали соли равон дар саҳни Академияи ВКД доир гардид, маҳсули дастони курсантону омӯзгорони ин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, мусаввараҳои бозгӯкунандаи табиати зебои диёр ва маконҳои таърихии ҷумҳурии соҳибистиқлоламон ба маърази тамошо гузошта шуданд.
Роҳбарияти Академияи ВКД ҳамроҳи масъулини Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар меҳмонон аз гӯшаҳои алоҳидаи тайёркардаи факултету шуъба ва шӯроҳои Академия дидан намуданд.
Бояд гуфт, ки ҷиҳати фарқкунандаи ин намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ аз дигар чорабиниҳои мушобеҳи Академия дар он буд, ки созмондиҳандагонаш дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамроро вобаста ба азхудкунии забони русӣ ва дигар забонҳои хориҷӣ сармашқи фаъолияти ҳамешагӣ қарор дода, курсантону кормандони ҷавони ҳар факултету шуъбаҳо зимни муаррифии гӯшаҳои худ, дар назди меҳмонон бо забони русӣ баромад карданд.
Сардори Академияи ВКД генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ дар робита ба ин ташаббуси ташкилкунандагони чорабинӣ иброз намуд, ки чун соли 2018 аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидааст, интизор меравад, ки дар ин сол меҳмонони зиёд, аз ҷумла сайёҳону ҷаҳонгардони хориҷӣ ба кишвари мо ташриф меоранд ва табиист, ки бо донистани забони русӣ ва дигар забонҳои хориҷӣ тоҷикистониён ба таври шоиста метавонанд дастовардҳои диёри худ, таъриху фарҳанг ва манзараҳои зебои онро муаррифӣ намоянд.
Тавре ӯ илова намуд, чун дар тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ, дар Академияи ВКД низ ба масъалаи забондониву забономӯзии курсантону омӯзгорон ва кормандони ҷавон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда мешавад.
Зимни боздиди меҳмонон аз намоишгоҳи маҳсули дастони ҳайати курсантону шунавандагон ва омӯзгорони ин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, ба ҳунару маҳорати онҳо баҳои баланд дода шуд. Хусусан, намояндагони Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдукарим Қурбонов, Ақлиддин Авғонов ва Иноятулло Латипов маҳорату кордонии курсантон Маҳмадраҷаб Каримов, Азиз Мӯсоҷонов ва корманди ҷавони Қисми навбатдории Академия, капитани милитсия Абдувоҳид Абдувоҳидовро, ки дар назди ҳозирин ба табақтарошиву оҳангарӣ ва кафшергарӣ машғул буданд, шоистаи таҳсин хонданд.
Тавре ин донандагони ҳунарҳои мардумӣ ба меҳмонони намоишгоҳ иброз доштанд, ҳамаи ин устокориҳоро онҳо аз падарону бобоёни худ ба мерос гирифта, имрӯз дар баробари таҳсилу фаъолият дар ин таълимгоҳи касбӣ, ба чунин ҳунарҳо шуғл меварзанд.

15

Дар қисмати ниҳоии чорабинии идона, ки зери навои мусиқӣ дар саҳни Академияи ВКД гузаронида шуд, ҳайати ҳакамон таҳти роҳбарии муовини аввали сардори муассисаи таълимии мазкур генерал-майори милитсия Кабирзода Ҷӯрахон Ҳаким ба гӯшаҳои алоҳидае, ки факултету шуъбаҳо ва шӯроҳо ба маърази тамошо гузошта буданд, баҳои баланд дода, онҳоро бо Ифтихорномаву Сипосномаҳо қадрдонӣ карданд.
Тавре созмондиҳандагони намоишгоҳи мазкур иброз доштанд, маҳфили идона дар асоси Нақша-чорабиниҳои асосии Вазорати корҳои дохилӣ ва Академияи он, шурӯъ аз моҳи январи соли ҷорӣ, моҳе як маротиба дар ин таълимгоҳи касбӣ бо шаклу намудҳои гуногун гузаронида мешавад.

Раҷаббек ИЛЁСОВ,
Умед ОЧИЛОВ

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...