Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конференсияи илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ бахшида ба масъалаҳои истифодаи қувваи ҷисмонӣ ҳангоми дастгиркунӣ

766

Ҳуқуқ ба озодӣ ва дахлнопазирии шахсӣ яке аз ҳуқуқҳои бунёдӣ ва фитрии шахсии (шаҳрвандии) инсон аст ва он ба ҳуқуқҳои насли якум тааллуқ дорад. Ҳуқуқ ба озодӣ ва дахлнопазирии шахсӣ аз ҷониби давлат ҳимоя шудани ҳар як одамро аз тааррузи ҳар касе ба ҳаёт, саломатӣ, озодӣ, амнияти шахсӣ, шараф ва қадру қимати ӯ дар назар дорад. Амнияти шахсӣ маънии набудани зӯроварии ғайриқонунӣ ё таҳдиди зӯроварӣ ба шахсият ва бовар доштани шахсият ба оромӣ, имконияти иштирок кардан дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятиро дорад. Яке аз масъалаҳои мубрами омрӯзаамон ин истифодабарии қувваи ҷисмонӣ ҳангоми дастгиркунӣ мебошад, ки мутахассисон ва олимон ба он диққати махсус бояд диҳанд. Чунин аст, ки санаи 17 марти соли ҷорӣ дар Академияи ВКД конференсияи илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Истифодабарии қувваи ҷисмонӣ ҳангоми дастгиркунӣ» баргузор шуд.

768

Бо сухани ифтитоҳӣ сардори Академияи ВКД, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, генерал-майори милитсия Ф.Р. Шарифзода баромад намуда, қайд намуд, ки таъмини дахлнопазирии ҷисмонӣ, рӯҳонӣ, маънавии шахсиятро давлат кафолат медиҳад. Аммо бо дар назардошти манфиатҳои шахсият, ҷомеа ва давлат дар баъзе ҳолатҳо маҳдудсозии ҳуқуқҳо ба озодӣ ва дахлнопазирии шахсӣ имконпазир аст. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқҳо, шартҳо ва тартиби чунин дахолатро муайян мекунад ва таҳким мебахшад, ҳуқуқи инсонро ба озодӣ ва дахлнопазирии шахсият дастгиру ҳабс кардан маҳдуд месозанд.

769
Дар рафти он маърузачиён аз Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон, Донишкадаи сарҳадии КДАМ, Мактаби олии КДАМ, инчунин аз Вазорати корҳои дохилӣ ва худи Академияи ВКД масъалаҳои гуногун, аз қабили дастгиркунии воқеъӣ ва мурофиавӣ, асосҳои ҳуқукии истифодабарии қувваи ҷисмонӣ ҳангоми дастгиркунӣ, шартҳо ва ҳудудҳои истифодаи қувваи ҷисмонӣ, техникаи махсус ва силоҳи отшфишонӣ аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, такмили усулҳои самбо ва амалигардонии онҳо дар вақти дастгиркунӣ ва ғ. баррасӣ намуданд.

767
Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу-нашр

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...