Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мусобиқаи варзишӣ бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз

758

19-уми марти соли 2023 бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз дар толори варзишии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, байни наврасону ҷавонон, мусобиқаи ҷумҳуриявии варзишӣ аз намуди «Муҳорибаҳои омехта» (ММА) баргузор гардид.

759

Дар мусобиқаи мазкур 4 даста аз минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ширкат варзиданд.

761
Чорабинии варзиширо сардори факултети №5 Академияи ВКД, майори милитсия Нуруллозода Меҳрулло кушода эълон намуда, аз номи сардори Академияи ВКД, доктори илмҳои ҳуқуқ, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ варзишгарон ва меҳмононро хуш омадед гуфта, дар қувваозмои бурдбориҳо таманно кард.

763
Баъдан бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқа оғоз гардид.

765
Дар ин чорабинӣ дастаи Академияи ВКД зери роҳбарии муаллими кафедраи ТТМ ва ОҶ, майори милитсия Назарзода Манучеҳр фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойи аввал гашта, 3 медали тилло 2 медали нуқра ва 2 медали биринҷӣ ба даст овард.
Баъди анҷоми мусобиқа ба ғолибон ва мураббиёни онҳо аз номи роҳбарияти Академияи ВКД туҳфаҳои хотиравӣ ва медалу Ифтихорномаҳо тақдим карда шуд.
Раҷабалиён Абдулҳаким, лейтенанти калони милитсия

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...