Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Семинари омӯзишӣ бо ҷалби масъулони шуъбаҳои кор бо ҷавонони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар

754

18-уми марти соли 2023 бо ибтикори Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар толори Кумитаи миллии Олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин семинари омӯзишӣ дар мавзӯи "Тақвият ва таъсисдиҳии намояндагиҳои Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар заминаи шуъбаҳои кор бо ҷавонони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон", доир гардид.

755

756

 

Семинари омӯзиширо Раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ ифтитоҳ намуда, аз боварӣ ва эътимоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ғамхории пайваста нисбат ба насли наврасу ҷавони кишвар, ҳамзамон оид ба тақвият бахшидани фаъолияти шуъбаҳои кор бо ҷавонони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, пешгирӣ аз гаравиши ҷавонон ба гурӯҳҳои иртиҷоӣ, таъсиси намояндагиҳои Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар, таъсиси маҳфилҳо дар факултаҳои муассисаҳои олӣ суханронӣ намуданд.

757
Раиси "Шӯрои ҷавонон"-и Академияи ВКД дар семинари омӯзишӣ дар мавзӯи "Тақвият ва таъсисдиҳии намояндагиҳои Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар заминаи шуъбаҳои кор бо ҷавонони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон", фаъолона иштирок намуд.
Убайдуллоев Ш.Э.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...