Иқдоми наҷибона дар арафаи ҷашни Наврӯз
Теъдоди зиёди курсантон ва омӯзгорони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқдоми наҷибонаи сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, д.и.ҳ., дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, 18-уми марти соли 2023 ба Оромгоҳи Лучоби шаҳри Душанбе ва Оромгоҳҳои ноҳияи Шоҳмансур рафта, ба тозагӣ ва ободкорӣ машғул гардиданд.
Аз ҷумла, оромгоҳи шодравон собиқ вазири корҳои дохилӣ, генерал - Бобо Маҳкамов ва шахсиятҳои намоёни ҷумҳурӣ марҳум Аминҷон Шукуҳӣ, марҳум Борис Кимёгаров ва дигарон тозакорӣ карда шуд.
Курсантонро дар шанбенгии мазкур муовинони сардори Академияи ВКД, полковникҳои милитсия Шарифзода М.С., Додарбеков Р.Б., Ализода А.Ш. роҳбаладӣ намуда, онҳо корҳои зиёдро оид ба ободу хуррамгардонии Оромгоҳҳои пойтахти маҳбуби кишварамон ба анҷом расониданд.
Дар арафаи Наврӯзи байналмилалӣ дар Академияи ВКД низ шанбегии умумӣ гузаронида шуд.
Асламов Б.С., Убайдуллоев Ш.Э.