Суннатҳои Наврӯзӣ
Дар таърихи фарҳанги мардуми эронитабор ҳеч як анъана ва расму ойине чун ҷашни хуҷастапай ва фархундаи Наврӯз азизу арҷманд нест. Наврӯз пайвандгари насли имруз бо расму ойин, арзишҳои эстетикӣ, меҳру садоқат ва анъаноти ниёгон мебошад.
Ҷашни Наврӯз аз қадимтарин ва густурдатарин идҳои vардумони эронитабор буда, умри дарози беш аз панҷҳазорсола дорад. Тавре ки аз номи он бармеояд, Наврӯз «рузи нав» маънӣ дошта, дар аввали соли нави хуршедӣ ба истиқболи соли нав барпо мешавад. Наврӯз чашни фарорасии баҳори нозанин, зиндашавии табиат, оғози корҳои кишоварзӣ ва боғдорӣ, айёми баробаршавии шабу рӯз дар баҳор мебошад. Аз нигоҳи ҳисоби ситорашиносӣ, Наврӯз рузест, ки офтоб ба бурҷи барра (ҳамал) ворид мешавад ва дар ҳамон дақиқаву сонияе, ки ворид шуд, соли нав фаро мерасад. Аз таърихи ҷашни Наврӯз роҷеъ ба таърихи пайдоишу баргузории ин ҷашни куҳанбунёд дар сарчашмаҳои таърихию адабӣ ва бадеӣ маълумотҳои зиёд зикр гаштаанд, ки донишмандони тоҷику эронӣ ва хориҷӣ дар асоси онҳо мақолоту рисолаҳои арзишманд таълиф намудаанд. Маълумотҳои мустақим ва пураҳамиятро дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, «Наврӯзнома»-и Умари Хайём, «Осор-ул-боқия» ва «Ат-тафҳим»-и Абурайҳони Берунӣ, «Зайн-ул-ахбор»-и Абулсаиди Гардезӣ ва чанде дигар метавон пайдо кард, ки ба иттифоқ Ҷамшеди пешдодиро бунёдгузори ҷашни Наврӯз хондаанд.
Ҳаким Умари Хайём дар «Наврӯзнома» роҷеъ ба бунёд гузоштани ҷашни мазкур чунин навиштааст: «…аммо сабаби ниҳодани Наврӯз он будааст, ки чун бидонистанд, ки офтобро ду давр бувад, яке он ки ҳар сесаду шасту панҷ рӯз ва рубъе аз 1 шабонарӯз ба аввали дақиқаи Ҳамал боз ояд, ба ҳамон вақту рӯз, ки рафта буд, бад-ин дақиқа натвонад омадан, чи ҳар сол аз муддат ҳаме кам шавад. Ва чун Ҷамшед он рӯзро дарёфт, Наврӯз ном ниҳод ва ҷашн ойин овард ва пас аз он подшоҳон ва дигар мардумон бад-ӯ иқтидо карданд».
Дар дарбори подшоҳони сосонӣ Наврӯз хеле бошукӯҳ ва бодабдаба таҷлил мегашт. Намояндагони 23 кишвар (тобеъони Эрон ва кишварҳое, ки бо Эрон робита доштанд) ба ҳузури шоҳ мерасиданд ва аз тарафи кишвари худ ҳадяҳо тақдим мекарданд. Аз ин туҳфаҳо бахши бузурге ба хазинаи кишвар ворид мешуд. Кисравӣ дар китоби «Ал-махосин вал аздод», дар бораи тақдими ҳадяҳо ва навъи онҳо чунин навиштааст: «Аз Ҳинд фил, шамшер, мушку васоили кишоварзӣ, аз Тибету Чин мушку анбар, абрешим ва ранг, аз савоҳили рӯди Синд товус ва тутӣ, аз дарбори Рум фаршу порчаҳои алвон, эҳтиёҷи саворкороии эронӣ, аз кишварҳои хамҷавор ва Миср аспҳои зебо ва тезрав, гусфанд, шутур, оҳӯ, хари ваҳшӣ ва зарофа». Тақдим ва навъи ин ҳадяҳо дар нақши Тахти Ҷамшед ба хубӣ нишон дода шудааст. Марселиюс бозаргони румӣ, ки дар даврони Сосониён ба Эрон сафар карда, худ шоҳиди ҷашни Навӯз будааст, дар сафарномаи худ менависад: «Дар аввалин рӯзи ҷашни Наврӯз; духтарону занони пойтахт бо либосҳои абрешими обию сабз ва мардон бо ҷомаҳои навдӯхта дар саҳни кох чамъ шуда ба пойкубӣ ва рақс мепардохтанд. Дар дохили толори салтанатии кохи Нигористони Кисрои Анушервон, ки шаш хазор метр; масоҳат дорад, фарши замини сафеди як китъаи музайян ба ҷавоҳироти ҳафтранг бар кафи толор густурда шудааст. Ин фарш манзараи баҳору табиатро менамояд. Дарахтони ин фаршро бо зумурад ва шукуфаи дарахтон бо забарҷад ва ақиқи сафед ва сурате ёкути сурх, муҷассамаи шутуре аз нуқраи хом ва асбе аз тиллои ноб бо зин ва барги ҷавоҳир нишон бар зинати толори шоҳаншоҳӣ афзудааст». Таҷлили ҷашни Наврӯз дар даврони ҳукуматдории Сомониён бо шукуҳи тоза идома ёфтааст, ки дар ин бора донишмандон дар сарчашмаҳои адабӣ ва таърихӣ ёдовар шудаанд.
Шоирони забардасте чун Рӯдакию Фирдавсӣ, Дақиқӣ оид ба ҷашни Наврӯз бо меҳру муҳаббат сухан гуфтаанд ва тасвири зебои баҳорро ба қалам додаанд. Дар тули садсолаҳо Наврӯз ва ойину маросимҳои марбути он вобаста ба идеологияи давлатҳои ҳукмрон борҳо ба тағйиру дигаргуниҳо мувоҷеҳ шудааст ва мардуми тоҷику халқҳои дигари эронӣ дар ҳама давру замонҳои душвору пур аз ҷангу офатҳо аз таҷлили ин ҷашни зебои ниёгони худ даст накашидаанд.
Ойину сунатҳои тоҷикон дар айёми Наврӯз инҳоянд, ки аксари онҳо то ба имрӯз роиҷанд.
Гулгардонӣ. Аз омадани Наврӯз пеш аз ҳама бачагон бо иҷрои анъанаи гулгардонӣ ба дигарон хабар медиҳанд. Онҳо як ду ҳафта қабл аз Наврӯз гурӯҳ шуда, ба кӯҳу пуштаҳо рафта гулҳои баҳорӣ: бойчечак, сиёҳгӯш ва гули зардакро чида ба деҳа меоранд ва хона ба хона гашта, ба мардум сурудхонон муждаи омадани Наврӯзро мерасонанд. Соҳибхонаҳо гулҳоро бӯй кашидаву ба чашм мемоланд ва ба бачаҳо кулчаю қанду мавиз, дар баъзе ҷойҳо гандуму нахуд медиҳанд.
Ҷуфтбаророн. То солҳои 1950-ум дар ноҳияҳои минтақаи Суғд, Хатлон, водии Ҳисор ва баъзе вилоятҳои тоҷикнишини Узбекистон деҳқонон то фарорасии ҷашни Наврӯз маросими ҷуфтбаророн барпо мекарданд. Рӯзи аввал деҳқонон дар хонае ҷамъ омада, дастҷамъона оши палав пухта мехӯрданд ва аз Куръони шариф сураҳо тиловат мекарданд ва ба ҳаққи Бобои Деҳқон ва арвоҳи гузаштагон дуою фотиҳа мехонданд. Сипас онҳо ба сари замин рафта ба шохҳои барзаговҳо равгани зағир мемолиданд ва ба сару бадани говҳо орд мепошиданд, ки рамзи хайру баракат ва фаровонии ҳосилро ифода мекард. Рӯзи аввал каме шудгор мекарданду яке аз мӯйсафедони калонсолтарини деҳа ба тариқи рамзӣ ва муборакии кор чанд мушт гандум мепошид. Он рӯз бармегаштанду кори асосӣ аз рӯзи дуюм оғоз мешуд.
Хонабуророн. Мардум як ҳафта пеш аз фарорасии Наврӯз курпаву палосҳоро аз хона берун бароварда, хонаро рӯфтаю тамиз мекунанд, курпаҳою пардаҳоро мешӯянд ва хушбӯй мезананд. Тамоми палосу курпаву лавозимоти манзилашонро офтоб дода метаккониданд. Девори хонаҳоро сафед намуда, тозаву озода месозанд. Дегу зарфҳоро шуста тоза мекунанд. Зеро хонаву дари тоза рамзи соли наву иқболи нав аст. Мардум бовар доранд, ки агар соли навро дар хонаи тозаву ороста пешвоз бигирӣ, ҳамон солро бо хушу хурсандӣ мегузаронӣ.
Чаҳоршанбесурӣ. Маросими Чахоршанбеи охирон, ки онро Чоршанбеи сурук низ меноманд, дар чоршанбеи охирони сол (мувофиқи тақдими эронӣ-хуршедӣ) гузаронида мешавад. Дар чорраҳае алав афрӯхта хурду калон аз болояш меҷаҳиданд ва ба оташ муроҷиат карда мегуфтанд: ранҷурию ранги зарди ман аз они ту, сурхию хуррамии ту аз они ман. Бо иҷрои ин амал онҳо бовар доштанд, ки дар соли нави оянда онҳо тандуруст хоҳанд буд.
Маросими обрезон. Аз давраҳои хеле қадим дар байни мардумони ориёӣ ойине маъмул буд, ки пеш аз фарорасии соли нав Наврӯз мардум шустушӯй намуда, худро поку озода мекарданд.
Суманакпазӣ. Суманак навъе аз хӯриши Наврӯзӣ аст, ки аз сабзаи гандум пухта мешавад. Худи сабза рамзи эҳёи табиат ва зебогию осоиштагии ҳаёт ба шумор меравад. Тарзи таҳияи сабза ва пухтани суманак дар байни мардуми тоҷик чунин буд. Гандумро 3 рӯз дар оби ҷӯй ё оби борон тар карда мемонданд. Баъде, ки гандум неш мебаровард, ба қавли мардум руда мешуд, онро гирифта дар табақе ҳамвор мегузоштанд ва рӯяшро бо докаи тоза мепӯшонданд. Рӯзе, ки борон меборид ба берун мебароварданд ва пас аз борон оби зиёдатиашро полонида, боз бурда ба хонае, каси бегона ба он ҷо надарояд, мегузоштанд. Вакте ки гандум сабз шуд, бояд ҳеч кас онро набинад, зеро ки «пай» меафтад.
Оштикунонӣ. Ойини дигаре, ки аз замонҳои хеле кадим анъана шуда омадааст, оштикунонии қаҳриҳо мебошад. Дар оғози соли нав набояд касе бо касе қаҳрию ногап бошад. Маъмулан одамони калонсол дар байн даромада, шахсони ба ҳам каҳриро оштӣ мекунонданд.
Бозиҳои варзишӣ. Як бахши ҷашни Наврӯзро бозиҳои суннатии варзишӣ ташкил медиҳанд. Дар айёми Наврӯз мусобиқоти паҳлавонон дар намудҳои гуштингирӣ, аспдавонӣ, пойгаҳ (давидан), бандкашӣ, чавгонбозӣ (дар Яғноб, Бадахшон), аммо аз ҳама мусобиқаи маъмултарини наврӯзӣ ин гуштингирӣ аст, ки хеле паҳн шудааст
Ҳамин тариқ Наврӯз аз маъруфтарин ва маҳбубтарин ҷашнҳои мардуми тоҷик ва дигар халқҳои эронитабор ба шумор меравад. Наврӯз ҷойи вохӯрӣ ва муносибати мардум, ҷое ки ҳам зану мард ва ҳам пиру ҷавон гирд меоянд, шодию хурсандӣ мекунанд, лаззати эстетикӣ мебаранд, ёдоварӣ аз гузаштагон менамоянд ва пайванди худро бо табиат баён мекунанд.
Султонзода Вамариҷ Иброҳим, омӯзгори калони кафедраи фанҳои ҷамъиятии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, майори милитсия.