Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Курсанти Академияи ВКД ғолиби озмуни ҷумҳуриявӣ гардид

737

Рӯзи 14-уми март дар толори асосии Академияи ВКД даври ҷамъбастӣ ва маросими ҷоизасупории озмуни ҷумҳуриявии "Ташаббусҳои Пешвои миллати тоҷикон - наҷотбахши сайёра" доир гардид. Дар озмуни мазкур зиёда аз 120 нафар ҷавонони фаъоли кишвар иштирок намуда, вобаста ба мавзӯи матраҳгардида мақолаҳо пешниҳод намуданд ва аз миёни онҳо беҳтаринҳоро ҳакамони озмун муайян карданд.
Дар оғоз, сардори Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони ВКД полковники милитсия Бухоризода Мансур Ғоиб суханронӣ намуда, вобаста ба ҷонибдории ҷавонони кишвар аз иқдомҳои роҳбарияти олии мамлакат дар сатҳи байналмилалӣ изҳори сипос намуд. Ҳамчунин, мавсуф вобаста ба саҳми ин қишри ояндасози кишвар дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва иштирок дар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ андешаронӣ кард.

738
Номбурда дар идома гуфт, ки бо иқдомҳои созандаи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ҳамасола дар ВКД озмунҳои ҷумҳуриявӣ миёни ҷавонони фаъол роҳандозӣ карда мешавад.
Бо мақсади дастгирии ташаббуси навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо дар ҷаҳон миёни наврасону ҷавонони фаъоли кишвар - аз 14-сола то 30-сола, давоми моҳи аввали соли 2023 озмуни ҷумҳуриявии "Ташаббусҳои Пешвои миллати тоҷикон - наҷотбахши сайёра"-ро роҳандозӣ намудем.
Боиси хушнудист, ки дар ин муддат аз тамоми гӯшаву канори кишвар мақолаҳо доир ба ин мавзӯъ пешниҳод карда шуданд.
Дар ин радиф дар озмуни мазкур курсанти курси 3-юми Факултете№2, гурӯҳи таълимии 307, аъзои фаъоли "Шӯрои ҷавонон"-и Академияи ВКД сержанти хурди милитсия Саидов Толибҷон бо пешниҳод намудани мақола дар ҳаҷми 4 саҳифа, ки аз ҷониби аъзои комиссия баҳои баланд гирифт, ғолиби озмуни мазкур гардид.
Ғолибони озмуни мазкур бо маблағҳои пулӣ қадрдонӣ гардиданд.
Раҷабалиён Абдулҳаким

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...