Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрии муфид бо курсантони Академияи ВКД

734

15-уми марти соли 2023, дар толори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар вохӯрии мазкур муовини аввали сардори Академияи ВКД, н.и.ҳ. полковники милитсия Насуриён П.А., муовини раиси ташкилоти ҷамъияти "Пайравони Пешвои миллат", ҳамзамон роҳбари КВД Маркази ташаккули фарҳанг ва рушди иҷтимоии ҷавонон Раҷабзода 3., сардори Факултети №5 Академияи ВКД майори милитсия Нурулозода М.Н., муаллими калони кафедраи пешгирии ҷиноятҳои террористӣ ва таъмини бехатарии ҷамъиятии Факултети №6, ҳамзамон раиси «Шӯрои ҷавонон»-и Академияи ВКД лейтенанти калони милитсия Раҷабалиён А.Р. ва дигар меҳмонон иштирок доштанд.

735
Сухани ифтитоҳиро пас аз садо додани Суруди миллӣ муовини аввали сардори Академияи ВКД, н.и.ҳ. полковники милитсия Насуриён П.А. оғоз намуда, қайд кард, ки ҷавонон идомадиҳандаи сунатҳои таърихиву фарҳангии қадимии миллати худ, сарчашмаи ташаббусҳои бузург, манбаи ғояҳои нав, эҷодкори тақдири имрӯзу ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.
Муовини раиси ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат», ҳамзамон роҳбари КВД Маркази ташаккули фарҳанг ва рушди иҷтимоии ҷавонон Раҷабзода 3., вобаста ба мазмуну муҳтаво ва дастуру ҳидоятҳои Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ", ки 23 декабри соли 2022 ироа гардид, суханронӣ намуд.

736
Дар вохӯрии мазкур зиёда аз 200 нафар устодону курсантони Академияи ВКД ва аъзоёни фаъоли «Шӯрои ҷавонон»-и Академияи ВКД иштирок намуданд.
Раҷабалиён А.Р

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...