Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳавасмандгардонии олимони Академияи ВКД

09

Корҳои илмӣ-тадқиқотӣ яке аз воситаҳои муҳими фаъолияти густурдаи ҳайати профессорону омӯзгорон ва курсантони Академияи ВКД маҳсуб меёбад. Дар тӯли беш аз 25 соли фаъолияти Академияи мазкур самаранокии корҳои илмӣ-тадқиқотӣ сол то сол рӯ ба беҳбудӣ ниҳода истодааст ва ҳамаи ин комёбиву муваффақият шоҳиди он аст, ки таваҷҷӯҳ ва рӯоварӣ ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, ки омили асосии рушду тараққиёти ҳаёти иқтисодию иҷтимоист, дар ҳоли густариш аст. 

10

Рӯзи 22 феврали соли 2018, бо фармоиши сардори Академияи ВКД, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р. барои софдилона иҷро намудани вазифаҳои хизматӣ, инчунин дастовардҳои илмию тадқиқотӣ ва илмӣ-методӣ ноил гаштан ва ба ин васила ҷиҳати инкишофи илм дар Академия ва берун аз он саҳм гузоштан, олимони Академияи ВКД;
– сардори кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии факултети № 2, номзади илмҳои таърих, генерал-майори милитсия Имомёрбеков А.,
– сардори шуъбаи ташкили илмӣ ва табъу нашри Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, майори милитсия Тошев А.М.,
– сардори шуъбаи адъюнктураи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, майори милитсия Юлдошев Р.Р.
– сардори факултети № 3, номзади илмҳои ҳуқуқ, майори милитсия Амрудинзода М.А.,
– сардори кафедраи забонҳои факултети № 2, номзади илмҳои педагогӣ, полковники милитсия Давлатшоева А.Ш.,
– сардори кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети № 2, номзади илмҳои ҳуқуқ, подполковники милитсия Сафаров Ҳ.С.,
– профессори кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминология ва психологияи факултети № 2, номзади илмҳои ҳуқуқ, подполковники милитсия Ҳусейнзода С.Ҳ., бо «Медали ҷашнии 25-солагии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон», ҳамчунин сардори факултети № 4, ӯ низ муовини сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, полковники милитсия Насуриён П.А., сардори факултети № 5, номзади илмҳои педагогӣ, полковники милитсия Ҳайдарзода Ш.Ҳ., сардори кафедраи мурофиаи ҷиноятии факултети № 2, номзади илмҳои ҳуқуқ, подполковники милитсия Арипов А.Л. бо «Ифтихорнома» сарфароз гардонида шуданд.

1112
Боиси сарфарозист, ки дастгирии ҳамаҷонибаи илм аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти ВКД ва Академияи ВКД ба пешрафти корҳои илмӣ дар Академия мусоидат менамояд.
Ходими калони илмии
шуъбаи ташкилӣ-илмӣ
ва табъу нашри Академияи ВКД,
подполковники милитсия Хабирова Т.А.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...