Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нақши зан дар фаъолияти милитсияи Тоҷикистон

718

Бо мақсади иҷро намудани талаботи “Барномаи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2021-2025”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми июни соли 2021 тасдиқ гардидааст, инчунин, ҷиҳати баланд бардоштани нақши зан дар мақомоти корҳои дохилӣ, фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ барои бонувон дар мақомоти корҳои дохилӣ, дар асоси банди 12 Низомномаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо ҷарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми декабри соли 2006 ба тасвиб расидааст, Фармоиши Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро оид ба тасдиқи Оинномаи Ассотсиатсияи шуроҳои занони мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Нақша чорабиниҳои Ассотсиатсияи шӯроҳои занони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2025” ба имзо расид. Оинномаи мазкур аз 7 банд ва Нақшаи чорабиниҳои Ассотсиатсия барои солҳои 2023-2025 иборат мебошад.

719

Бо мақсади иҷро намудани талаботи банди 10-и Нақша чорабиниҳои Ассотсиатсия, рӯзҳои 9 ва 10-уми марти соли ҷорӣ дар осоишгоҳи “Шоҳамбарӣ” мизи мудаввар таҳти унвони “Нақши зан дар фаъолияти милитсияи Тоҷикистон”, бо дастгирии Дафтари барномавии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), иштироки намояндаи САҲА хонум Эми Севили, ёрдамчии муовини Вазири корҳои дохилӣ полковники милитсия Қурбонзода Валишо, ёрдамчии Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия майори милитсия Шарифзода Хушбахт, намояндаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илми ҳуқуқ Бухориева Сафаргул, Раиси Ассотсиатсияи шӯроҳои занони мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, полковники милитсия Давлатшозода Азиза, раисони шӯроҳои занони ҷузъу томҳои ВКД, баргузор гардид.
Мизи мудаввар тибқи барномаи мушаххас масъалаҳои “Стратегия ва Барномаҳои давлатии Тоҷикистон дар самти фаъолгардонии зан дар ҷомеа”, “Барномаи ислоҳоти милитсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Моҳияти Оинномаи Ассотсиатсияи шуроҳои занони МКД, фаъолияти босуботи занон дар ВКД ва ҷузъу томҳои он”, “Фаъолияти Ассотсиатсия ва нақши занон дар МКД аз нигоҳи САҲА”, инчунин пешниходҳо барои фаъолияти босуботи минбаъдаи Ассотсиатсия, натиҷагири аз озмуни “Бехтарин кормандзани милитсия дар соли 2022”, эълон гардидани озмуни “Китобхони беҳтарин” дар байни занон-кормандони МКД дар доираи романи Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ “Духтари оташ”, идома ёфт.

720
Оид ба иҷро гардидани банди 8-и Нақша чорабиниҳои Ассотсиатсияи шӯроҳои занони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2022, дар таърихи 6-уми марти соли равон дар ВКД озмуни “Иншои беҳтарин” дар байни намояндагони занони ВКД ва ҷузъу томҳои он таҳти унвони “Пешвои миллат – кафили сулҳу ваҳдати миллӣ” баргузор гардида ғолибони озмун (5-нафар) низ дар мизи мудаввари зикргардида иштирок намуданд ва аз ҷониби намояндаи САҲА хонум Эми Севили бо мукофотҳо сарфароз гардиданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ озмуни “Китобхони бехтарин” дар байни занон-кормандони ВКД ва ҷузъу томҳои он дар доираи романи “Духтари оташ”-и Ҷалол Икромӣ, ки даври аввали он моҳи июн дар ҷузъу томҳои ВКД ва даври ниҳоӣ моҳи августи соли ҷорӣ дар ВКД баргузор мегардад, эълон гардид.
Азиза Давлатшозода, Раиси Ассотсиатсияи шӯрои занони ВКД, полковники милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...