Ифротгароии динӣ ва пайомадҳои хатарноки он
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии мамлакат аз 23-юми декабри соли 2022, вобаста ба масъалаи ҷаҳолат ва хурофот таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, таъкид доштанд, ки «Бо бесаводӣ, ҷаҳолат ва хурофот ҷомеа ба ҷойе намерасад. Хурофот ҷаҳолат аст ва ҷаҳолат ба инсон танҳо бадбахтӣ меоварад ва боиси ақибмонии ҷомеа ва давлат мегардад».
Мусаллам аст, ки ифротгароии динӣ аз ҷаҳолат ва хурофотпарастӣ маншаъ мегирад. Дар замони муосир ташкилотҳои экстремистӣ ва террористӣ таблиғоти густурда ба роҳ мондаанд, ки маҳаки асосии чунин таълимот ташкили хилофати исломӣ мебошад. Шахсони ҷоҳил ва хурофотпараст ба чунин таблиғот дода шуда, дар сар андешаҳои зиддимиллӣ ва зиддидавлатӣ мепарваранд.
Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон бо истифода аз ташкилотҳои экстремистӣ-террористӣ барои расидан ба ҳадафҳои нопоки сиёсии худ динро васила қарор додаанд. Сиёсат бошад, бозиҳои манфиати абарқудратҳост, ки аз фақру нодонии мардуми мусулмон истифода карда, онҳоро ба ҷангу хунрезӣ ва ҳамдигаркушӣ мекашанд. Мардуми мусулмонро ба гирдоби кашмакашиҳо андохта, худашон аз ин вазъ истифода мекунанд.
Аз ин рӯ, масъалаи ифротгароии динӣ наметавонад касеро бетараф гузорад. Зеро экстремизму терроризм ба Ватани мо, ба хонаву дар ва фарзандони мо таҳдид мекунад.
Ҷаҳолат заминаи мусоид барои хурофот ва хурофот қадам ба сӯи ифротгароӣ аст. Мисоли равшани он Афғонистон аст. Дар натиҷаи ҷаҳолату хурофотпарастӣ кӯдакон аз таълимоти дунявӣ дур монданд, илм хору залил гашт. Оқибат Афғонистон ба харобазор табдил ёфт, ҳар рӯз қатлу куштор, ҳар рӯз амалҳои террористӣ, мардум овораву саргардон, истеҳсолот аз байн рафт, ҳол то ҳадде табоҳ шуд, ки ғорату одамрабоиву одамкушӣ воситаи дарёфти қути лоямут гардидааст.
Дар натиҷаи ҷаҳолат ва хурофотпарастӣ мо як бор хато кардем ва оқибати он ба ҳама маълум аст. Бинобар ин, баҳри пешгирии ифротгароии динӣ мо ҳаргиз бояд бетараф набошем! Нагузорем, ки фарзандони мо хурофотпараст ва ифротгаро шаванд, нагузорем, ки шахсони тасодуфӣ ба мафкураи фарзандони мо ақидаҳои экстремистиро ҷойгир намуда, онҳоро барои расидан ба ҳадафҳои нопоки худ истифода баранд.
Ба қавли Саъдии бузург:
Чу мебинӣ, ки нобинову чоҳ аст,
Агар хомӯш биншинӣ, гуноҳ аст!
Дар ин замина ба Ватану миллати мо, ба сулҳу суботи мо, ба ҳаёти осоиштаи мо низ як идда ташкилотҳои экстремистӣ-террористӣ таҳдид мекунанд.
Таҳририву салафӣ, доишиву наҳзатӣ ҳама дар каминанд. Ягона мақсади онҳо бо ҳар роҳу восита ба сафҳои худ ҷалб намудани наврасону ҷавонон аст. Бо ин мақсад имрӯзҳо аз ҷониби ташкилотҳои экстремистӣ-террористӣ дар шабакаҳои интернетӣ тарғиботу ташвиқоти густурда ба роҳ монда шудааст. Саҳифа, гурӯҳ ва каналҳои махсус таъсис дода, шабу рӯз ақидаҳои ғаразноки диниро паҳн мекунанд. Дар аввал чунин менамояд, ки дар чунин саҳифаҳои интернетӣ масъалаҳои тарбиявӣ-ахлоқӣ паҳн карда мешаванд. Дар асл, чунин нест! Дар ҳолати аъзо шудан ба чунин гурӯҳҳо ва шабакаҳои ба ном исломӣ ва тамошову мутолиаи пайвастаи матлабҳо ва наворҳои видеоӣ, андешаи кас дигаргун шуда, дар мафкураи ӯ ақидаҳои зиддимазҳабӣ ва зиддидавлатӣ ташаккул меёбанд. Чунин ҷавонон ақидаҳои экстремистиро ба худ дуруст қабул намуда, мепиндоранд, ки дини ислом ҳамин аст! Маҳз чунин андешаҳо садҳо ҷавонони тоҷикро водор сохтанд, ки ба Ироқу Сурия рафта, террорист шаванд. Не, ислом чунин нест! Дини ислом дини меҳру муҳаббат ва раҳму шафқат аст!
Аз ин рӯ, ҳар як падару модар ва устодони мактабу коллеҷу донишгоҳҳо вазифадор ҳастанд, ки наврасону ҷавононро назорат намоянд, ба онҳо тарзи дуруст истифода намудани интернетро омӯзонанд. Агар интернет дуруст истифода шавад, он манбаи илму дониш аст, аммо агар баръакс истифода гардад, он ба бадбахтиҳо оварда мерасонад. Зеро барои дастгирии ташкилотҳои экстремистӣ-террористӣ ва паҳн намудани маводҳои ифротӣ дар шабакаи интернет ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст.
Мо бояд садди роҳи нияти ғаразноки гурӯҳҳои ифротгаро ва экстремистӣ гардем, кӯшиши вобаста намудани терроризмро бо ислом – бо дини бобоёнамон маҳкум намоем. Имрӯз бояд ба ҳифз кардани арзишҳои миллиамон кӯшиш намоем. Нагузорем, ки фаъолияти сохторҳои террористӣ ва экстремистии динӣ дар диёрамон, маҳалли зистамон ба роҳ монда шавад.
Мо бояд ба ҷанбаҳои дохиливу берунии мубориза алайҳи амалҳои террористиву ифротгароии динӣ таваҷҷуҳ зоҳир намоем. Пеш аз ҳама пеши роҳи воридшавии мафкураҳои бегонаро гирем. Ба арзишҳои таърихиву миллии тоҷикон таваҷҷӯҳи бештар зоҳир намоем. Андешаи истиқлолияти давлатии тоҷиконро дар тафаккури ҷавонон бо усулҳои таълимиву тарбиявӣ ҷо диҳем.
Ба мардум, хусусан ба ҷавонон фаҳмонем, ки дар ислом мафҳуми «террор» вуҷуд надорад, ислом динест, ки маърифат ва маънавиётро ташаккул ва рушд медиҳад. Кӯшиш кунем, ки фарзандонамонро бо насиҳатҳои Рӯдакиву, Фирдавсӣ, Саъдиву Ҳофиз, Шайх Камолу Мавлоно Ҷомӣ тарбия намоем.
Моро шарт ва зарур аст, ки ҳама чун як тан дар зери ливои миллат муттаҳид бошем, сарбозу сарсупоридаи Ватан бошем ва сулҳу суботи кишварамонро чун гавҳараки чашм нигоҳ дорем. Мо бояд ба қадри неъмати бебаҳои Худованд – амният ва сулҳу субот бирасем ва дар ҳифзу ҳимояи Ватани азиз ҳарис бошем, зеро дӯст доштани Ватан, ҳимояи марзу буми Ватан фарз аст. Мо аз тоҷик будани худ ифтихор дорем ва бо ҷону дил истиқлоли Ватани азизро ҳифз менамоем!
Ҳамаи ин таъкидҳо танҳо як ҳадаф доранд. Зиндагии осудаву хушбахтона дар Ватани амну ободе бо номи Тоҷикистони азиз. Агар мо масъулияти ватандории худро дуруст эҳсос кунем ва ҳар кори аз дастамон меомадаро барои ҳифзи ҳамин сулҳу осоиштагӣ сафарбар намоем, дар ин сурат хеҷ хатаре ба амнияти мо, миллати мо ва Ватани азизи мо таҳдид нахоҳад дошт.
Абдуллозода Д.А., муаллими кафедраи пешгирии ҷиноятҳои террористӣ ва таъмини бехатарии ҷамъиятии факултети № 6 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти калони милитсия