Рушди забономӯзӣ яке аз ҳадафҳои маорифпарваронаи Пешвои миллат аст
Бо мақсади амалӣ гардонидани дастуру супоришҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ, аз ҷумла роҳбарияти Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста тадбирҳои судмандро роҳандозӣ менамоянд.
Бояд иброз намуд, ки дар замони муосир забономӯзи яке аз рукнҳои ҷудонопазири самти фаъолият ба ҳисоб меравад. Рушди илм, техника ва технологияи муосир, суръат ёфтани муносибатҳои байнидавлатӣ ҳар яки моро водор месозад, ки ҷиҳати азхуд намудани забонҳои хориҷӣ кӯшиш ба харҷ диҳем. Вобаста ба муҳимияти забономӯзӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, аз ҷумла 27 сентябри соли 2023 ҳангоми ифтитоҳи бинои нави Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода иброз намуданд, ки «Ман борҳо таъкид карда будам ва ҳоло бори дигар хотиррасон менамоям, ки дар шароити муосир ноил гардидан ба дастовардҳои илму техника ва технологияҳои нав ва баробар бо ҷомеаи пешрафтаи башар қадам гузоштан бидуни аз худ кардану хуб донистани забонҳои хориҷӣ бисёр мушкил ва ҳатто ғайриимкон мебошад».
Бо мақсади дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монадни забономӯзӣ дар Академияи ВКД ба ғайр аз дарсҳои ҳатмӣ, гуруҳҳои алоҳида ташкил карда шудааст, ки курсантон дар он фаъолона таҳсил менамоянд. Ҷиҳати хотирмон гузаштани чунин озмунҳо пайваста озмунҳо ва семинару мизҳои гирд ташкил ва баргузор карда мешавад. Аз ҷумла санаи 07.03.2023 бахшида ба «рӯзи Модарон» байни курсантони курси якум намоиши дарси забони англисӣ ба роҳ монда шуд, ки курсантон ва омӯзгорон фаъолона иштирок намуданд. Дарс бениҳоят хотирмон анҷом ёфт
Маҷонова Н., лейтенанти калони милитсия