Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маросими супоридани шаҳодатномаҳо ба шунавандагони курсҳои такмили ихтисос

147

Дар асоси иҷрои дастуру ҳидоятҳои асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷуҳурии Тоҷикистон, мухтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёми ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22-юми декабри соли 2017 бармеояд, бо супориши Вазири корҳои дохилӣ, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Р.Ҳ., дар Академияи ВКД, аз санаи 12-уми феврал то 26-уми феврали соли равон, курсҳои такмили ихтисос бо кормандони Раёсати мубориза зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухадири ВКД, Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд баргузор гардид.
Дар раванди таълими онҳо бевосита Вазири коҳои дохили генерал-полковники милитсия Раҳимзода Р.Ҳ., муоввини якуми Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Аламшозода А.А., сардори Академияи ВКД, генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р., аз Асосҳои ФОҶ дар амалияи муқовимат бар зидди гардиши ғайриқонуни маводи мухаддир, дарсҳои дастури баргузор гардида, омӯзгорони ботаҷриба аз фанҳои мурофиаи ҷиноятӣ, ҳуқуқи ҷиноятӣ ва ғайраҳо ба онҳо дарс гуфтанд.
Аз ташкил ва гузаронидани курсҳо шунавандагон ба Вазири корҳои дохилӣ ва сардори Академияи ВКД изҳори миннатдорӣ намуданд.

148

Рӯзи 26-уми феврали соли 2018, бо иштироки сардори Академияи ВКД, ҳайати омӯзгорон ва шунавандагон маросими тантанавии супоридани шаҳодатномаҳо оид ба хатми курсҳои мазкур бо шунавандагон баргузор гардид.
Сардори Академияи мазкур хатмкунандагони курсҳои такмили ихтисосро самимона муборакбод намуда, ба онҳо дар кори амалӣ бурдбориҳо таманно кард.
Бо супориши Вазири корҳои дохилӣ дар заминаи Академияи ВКД минбаъд ба курсҳои такмили ихтисос кормандони дигар сохтор ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сафарбар карда хоҳанд шуд. Ин иқдоми Вазири корҳои дохилиро роҳбарони мақомот ва сохторҳои қудратӣ ҳамаҷониба дастгирӣ намуданд.
Ҳалимзода Д.Д.
Асламов Б.С.
Сафарова С.Н.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...