Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштироки курсантони Академияи ВКД дар мусобиқаи тирандозӣ

707

4-уми марти соли 2023 дар шаҳри Душанбе дар Кумитаи ташкилоти ҷамъияти мададгори мудофиаи шаҳрвандии шаҳри Душанбе бо мақсади таблиғи намудҳои ҳарбӣ-амалии варзиш ва оид ба рушди тарбияи ҳарбӣ-ватанпарастии ҷавонон, мусобиқаи тирандозӣ бахшида ба таҷлили ҷашни Рӯзи Модар дар байни 18 донишгоҳу донишкадаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

708
Дар ин мусобиқа дастаи тирандозони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок намуда, ба гирифтани 119 хол сазовори ҷойи 2-юм гаштанд.
1.Сержанти хурди милитсия Ҳасензода Олуфтамоҳ Латиф, курсанти курси 4-уми факултети №2 гурӯҳи таълимии 401;
2.Милитсияи қаторӣ Маҳмудова Ниёлби Убайдуллоевна курсанти курси 2-юми факултети №2 гурӯҳи таълимии 206;
3.Милитсияи қаторӣ Сафарова Мавлуда Нуралиевна курсанти курси 2-юми факултети №5 гуруҳи таълимии 211.

709
Ба сардори дастаи тирандозони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, муаллими калони кафедраи тактикаи махсус ва омодагии ҷисмонӣ майори милитсия Салимзода Маҳмадраҳим Салим аз тарафи намояндаи Кумитаи ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи шаҳрвандии шаҳри Душанбе барои иштироки фаъолона ва гирифтани ҷойҳои намоён Ҷом ва Сипоснома супорида шуд.
Убайдуллоев Ш.
Зиёратшозода М.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

payom1

ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ САМТҲОИ АСОСИИ СИЁСАТИ ДОХИЛӢ ВА ХОРИҶИИ ҶУМҲУРӢ»
Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад.